Корҳои илмӣ-татқиқотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон назаррас мебошанд

Корҳои илмӣ-татқиқотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон назаррас мебошанд
Июл 22
13:20 2020

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” ҷиҳати ҳалли камбудиву норасоии мавҷуда ва амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат оид ба омодасозии мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ тамоми имконияту воситаҳоро ба кор бурда истодааст.

Теъдоди умумии донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” аз 1469 нафар иборат буда, аз ин шумора дар факултети тиббӣ 673 (45,8%) нафар, факултети педиатрӣ 571 (38,9%) нафар ва дар факултети стоматологӣ 225 (15,3%) нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ давра ба давра таҳким ёфта, барои фаъолияти таълимию илмӣ тамоми шароит  ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ  дар донишгоҳ давоми нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ таҳким ёфта, дар маҷмӯъ олимони донишгоҳ 93 таълифоти илмӣ, аз ҷумла, 25 мақола ва 68 фишурда нашр намудаанд. Ҳамзамон, 6 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар 3 конференсияҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо 7 маърӯзаҳои илмии худ баромад намуданд. Инчунин, дар ин давра 1 пешниҳоди навоварӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти муолиҷавии кормандони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон” дар ин давра таҳким ёфта, дар давоми 6 моҳи соли 2020 дар Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ҳамагӣ ба 3 304 нафар беморон ташхису муолиҷа ва ёрии тиббӣ расонида шудааст.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 718
  • 1,242
  • 949,738