Татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”

Татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”
Июл 28
09:22 2020

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани  “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” давоми 6 моҳи аввали соли равон аз ҷониби Раёсати тандурустии вилояти Суғд як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Дар  ин давра  барномаҳои  телевизонии   «Муждаи шифо»,  барномаҳои мустақими «Сӯҳбати рӯз», «Шоми дидор» ва барномаи сиёсию таҳлилии «Амният ва ҷомеа»-и телевизиони вилояти Суғд доир ба мавзӯъҳои  «Пешгирии фарбеҳӣ»,  «Фоидаи лимӯ», «Ғизои  мактабиён чӣ гуна бошад?», «Пешгирии бемории саратон», «Пешгирии сироятшавии сокинон ба бемории коронавирус», «Нашъамандӣ», «Одоби муоширати кормандони тиб», «Илтиҳоби шуш», «Пешгирии коронавирус», «Пешгирии дарунравӣ», «Пешгирии нашъамандӣ»  ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.

Инчунин,  оид ба пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ дар  радиои вилоятии Суғд FМ 101,1 ва радиоҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо баромадҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа пахш  карда шуданд.

Баҳри пешгирии сироятшавии сокинони вилоят ба бемории короновирус аз тарафи муассисаҳои табобатии вилоят пайваста дар ҷойҳои ҷамъиятӣ,  кӯчаву хиёбонҳо, бозору мағозаҳои хӯрокворӣ, дохили нақлиётҳои мусофиркашонӣ, истгоҳҳо, боғу гулгаштҳои Камоли Хуҷандӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Наврӯзгоҳ, тарабхонаву ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн  ва ташкилоту корхонаҳо постерҳои пешгирикунанда насб карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда,  ҷиҳати ба таҳлука наафтодан, риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, ҳангоми сӯҳбат бо дигар шахсон риоя намудани фосила на кам аз 1,5 метр, ҳатман пушидани ниқоб, мунтазам шустани дастон бо собун, аз ду-се нафар зиёд ҷамъ нашудан, ба худмуолиҷа машғул нашудан, саривақт муроҷиат намудан ба табибони оилавӣ ва амсоли инҳо бо аҳолӣ суҳбат гузаронида шуда, ба онҳо маводҳои иттилоотӣ  ва ниқобҳои бисёркарата тақсим карда шуда, инчунин, гардиши хона ба хона ташкил гардида, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 959
  • 1,242
  • 949,979