Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ имрӯз, 29 июли соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ба шаҳри Норак сафар намуд.
Дар доираи сафари кории хеш муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо фаъолияти Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Норак шинос шуд.
Ҳамзамон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Самариддин Ализода бо бемороне, ки дар қайди муассисаи мазкур қарор дошта, аммо дар хона табобат мегиранд, суҳбати телефонӣ анҷом дода, аз вазъи саломаташон пурсон шуд.
Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода ба масъулини Муассисаи КАТС-и шаҳри Норак дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.