Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 290 ҳазор ҳолати нав аз 17 миллион гузашт

Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 290 ҳазор ҳолати нав аз 17 миллион гузашт
Июл 30
10:04 2020

Шабонарӯзи гузашта шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 290 ҳазор ва теъдоди ҳолатҳои фавт беш аз 7 ҳазор нафар зиёд шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати 30 июл дар ҷаҳон 17 187 414 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 670 201 нафари онҳо ҷон додаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта 290 135 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардида, 7 030 нафар вафот кардаанд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 8 840 524 (+111 562 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 984 нафар зиёд шуда, ба 342 635 нафар расидааст.

Дар Аврупо 3 283 277 сироятёфта ва 211 616 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 20 993 ва фавт — 705 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 1 892 056 ва қурбониён 42 233 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 53 676 нафар зиёд шуда, 867 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 568 037. Баъдан Бразилия (2 555 518), Ҳиндустон (1 584 384), Россия (828 990), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (471 123), Мексика (408 449), Перу (400 683), Чили (351 575), Иcпания (329 721) ва Британияи Кабир (301 455) ҷойгиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 960
  • 1,242
  • 949,980