Баҳри пешгирии сироятшавии шаҳрвандон ба бемории короновируси нави COVID-19 аз тарафи муассисаҳои табобатии вилояти Суғд пайваста дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозору мағозаҳои хӯрокворӣ, дохили нақлиётҳои мусофиркашонӣ, истгоҳҳо, боғу гулгаштҳои Камоли Хуҷандӣ, Абeмаҳмуди Хуҷандӣ, Наврӯзгоҳ, тарабхонаву ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ташкилоту корхонаҳо постерҳои пешгирикунанда насб карда шуда, ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ, ҳангоми сӯҳбат бо дигар шахсон риоя намудани фосилаи на кам аз 1,5 метр, ҳатман пушидани ниқоб, мунтазам шустани дастон бо собун, ба худмуолиҷа машғул нашудан, саривақт муроҷиат намудан ба табибони оилавӣ ва амсоли инҳо бо аҳолӣ суҳбат гузаронида шуда, ба онҳо маводҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои бисёркарата тақсим карда шуда, инчунин, гардиши хона ба хона ташкил гардида, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нави COVID-19, ки мавҷи дуюми сироятёбии он дар як қатор давлатҳои дунё ба қайд гирифта шуда истодааст, тибқи қарори ситоди вилоятӣ бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд баҳри пешгирии мавҷи дуюми сироятёбӣ ба он гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодааст.
Ситод ва гурӯҳи мобилии зудамал дар назди Раёсати тандурустӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъол буда, ҳамзамон, навбатдории шабонарузӣ бо телефони боварӣ амал менамояд.
Ҳамзамон, дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят “Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои COVID-19” бо 6 телефони боварӣ ташкил гардида, он ба аҳолӣ фаъолияти густурда бурда истодааст.
Дар самти тамоси саривақтии аҳолӣ бо табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳибкасб 24 нуқта бо интернет пайваст буда, дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар шаш марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд ташкил ва фаъол карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар корхонаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору хиёбонҳо, хона- интернатҳо ва хонаҳои пиронсолон дар шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба риояи фосилаи байниҳамдигарӣ, реҷаи ниқоб пӯшидан ва риояи гигиенаи шахсӣ гузаронида шуда истодааст.
Натиҷаи ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки маводҳои безараргардонӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва дастпӯшакҳои яккарата, дорувориҳои зиддивирусӣ ва дезинтоксикатсионӣ дар раёсати тандурустии вилоят ба миқдори кофӣ захира карда шудаанд.