ВМКБ: Рушди бомароми соҳаи тандурустӣ таъмин мегардад

ВМКБ: Рушди бомароми соҳаи тандурустӣ таъмин мегардад
Август 06
13:49 2020

(Дар акс яке аз марказҳои ташхисию табобатии замонавӣ дар ВМКБ)

Фаъолияти Раёсати тандурустии ВМКБ дар шаш моҳи соли 2020 баҳри амалӣ гардонидани нақшаи корӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасдиқ шуда, он баҳри татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Нақшаи Стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, барномаҳои соҳавӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки ба ин самт равона гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ равона гардидаанд, кушиш ба харҷ дод.

Бояд гуфт, ки Раёсати тандурустии вилоят ба масоили баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии  тиббӣ, одоби муоширати табибон бо беморон, вусъат бахшидани фаъолият дар самти пешгирӣ  ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО,  сил,  вараҷа ва бемориҳои ғайрисироятӣ, пурзӯр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати ташакулли тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ба чорабиниҳои солимгардонӣ ва тавонбахшӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Бо мақсади беҳтар гардонидани заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и вилоят бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо маблағгузории Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид “ПРООН” дар вилоят сохтмони 7 адад бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаи ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз 11 сентябри соли 2018 ва протоколи №2-и ҷаласаи ситоди сайёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020  аз ҷониби Муассисаи давлатии  таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои 65 нафар табибон ва 74 нафар  кормандони миёнаи тибби вилоят (ҳамагӣ 139 нафар) давраҳои такмили ихтисос дар шаҳри Хоруѓ ба таври сайёр гузаронида шуданд.

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба аҳолии вилоят 408  муассисаҳои шифоиву пешгирӣ, ки зиёда аз 228 адади  онҳо муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию-санитарӣ, 34 адад муассисаҳои Хадамоти бистарикунонӣ, 9  адад марказҳои назорати  давлатии санитарию-эпидемологӣ  ва 59 адад  муассисаҳои  тиббӣ,  ки фаъолияти ҳамгироӣ доранд, хизмати тиббӣ расониданд.

Бояд гуфт, ки дар муассисаҳои табобатию-профилактикии вилоят 490 нафар табибон ва 2017 нафар кормандони миёнаи тиббӣ машғули кор мебошанд.

Ба ҳолати ҳозира 24 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баъди хатми донишгоҳ дар заминаи Беморхонаи вилоятӣ ва дигар муассисаҳои табобатию профлактикии вилоят аз зинаи интернатура гузашта, 15 нафар хатмкунандагони  ин даргоҳи таълимӣ баъд аз хатми интернатура дар муассисахои табобатию профилактикии вилоят аз ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки аз ин теъдод 11 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ донишгоҳи мазкурро хатм намудаанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар Вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври бесобиқа рушд намуда, дар ин давра дар вилоят чандин муассисаҳои тандурустии замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Раёсати тандурустии ВМКБ минбаъд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона хоҳад сохт.

Раёсати тандурустии ВМКБ

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,063
  • 1,242
  • 950,083