Дар Муассисаи соҳаи КАТС-и ноҳияи Мастчоҳ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавируси нави COVID-19 пайваста чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Тибқи иттилои менеҷери КАТС-и ноҳияи мазкур духтури дараҷаи олӣ, Аҳмадбек Ҳасанов, пас аз он, ки бемории мазкур дар мамлакат ба қайд гирифта шуд, табибони КАТС-и ноҳия гаштҳои хонагиро пурзӯр намуда, то имрӯз ба 152145 ҳавлӣ ташриф овардаанд.
Бино ба гуфти ҳамсӯҳбати мо, дар терминали наздисарҳадии «Ойбек» табибони оилавӣ тариқи шабонарӯзӣ навбатдорӣ менамоянд. Иловатан, нуқтаҳои назорати санитарӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, постгоҳи БДА-и ноҳия ва назди МТМУ №22-и маҳаллаи Азизобод ва комиссариати ҳарбӣ ташкил карда шудаанд, ки ҳамшираҳои шафқати шабакаҳои КАТС дар онҳо навбатдорӣ мекунанд. Ҳамзамон, навбатдории шабонарӯзии табибону ҳамшираҳои шафқат дар шабакаҳои КАТС-и ноҳия низ ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари пешбурди корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ тавассути гардиши хонагӣ, ҳамзамон дар шабакаҳои КАТС-и ноҳия захираи маводҳои доруворӣ ва муҳофизативу безараргардонӣ ба таври кифоя захира карда шудааст.
(Дар акс ҷаласаи назди менеҷери КАТС-и ноҳияи Мастчоҳ)