Август 07
13:14
2020
Бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи дуюми бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 тибқи Нақша – чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон тибқи нақшаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ дар тамоми нуқтаҳои сераҳолии ноҳия корҳои тарғиботӣ ва оммафаҳмонӣ гузаронида шуд.
Масъулин дар рафти аксия ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми гаштугузор аз ниқоби муҳофизатӣ ҳатман истифода намуда, нисбати саломатии худ бетарафӣ зоҳир накунанд, зеро як амали ноҷо метавонад ҷони чандин касро зери хатар гузорад.
НИСБАТИ САЛОМАТИИ ХУД БЕТАРАФ НАБОШ!