Суғд: Гурӯҳи кории вазорат ваъзи санитарию эпидемиологии вилоятро баррасӣ намуд

Суғд: Гурӯҳи кории вазорат ваъзи санитарию эпидемиологии вилоятро баррасӣ намуд
Август 10
16:12 2020

Аз 7 то 9 августи соли равон гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир Самариддин Ализода ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва вазъи санитарию эпидемилогӣ дар вилояти Суғд қарор дошт.

Дар доираи сафари хеш гурӯҳи кории вазорат бо фаъолияти як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шинос шуда, бо роҳбарон ва кормандони онҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19, назорати беморони амбулаторӣ, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, таъмини беморон бо маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.

Инчунин, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории  COVID-19 ва  ҳамзамон риоя намудани қоидаҳои пешгирии он, аз ҷумла пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ  гурӯҳи корӣ аз марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид ба амал оварда, бо аҳолӣ вобаста ба пешгирии бемории COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Ҳамзамон, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят  вохурӣ намуд.

Зимни вохурӣ зикр карда шуд, ки новобаста ба таъкидҳои пайвастаи мутахассисони соҳа, имрӯзҳо шаҳрвандони зиёде ба мушоҳида мерасанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоби тиббӣ надоранд ва фосилаи иҷтимоиро риоя наменамоянд, ки ин амали онҳо хилофи тавсияҳои мутахассисон ҷиҳати пешгирии бемории  COVID-19 мебошад.

Дар робита ба ин, аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии вилоят супориш дода шуд, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ, дар байни аҳолӣ пурзӯр намудани корҳои оммафаҳонӣ бо мақсади пешгирии бемории COVID-19 корро  боз ҳам ҷоннок намоянд.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи санитарию эпидемилогӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ба дигар минтақаҳои кишвар  низ сафар хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 693
  • 1,242
  • 949,713