Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи охир беш аз 266 ҳазор нафар зиёд шуд

Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи охир беш аз 266 ҳазор нафар зиёд шуд
Август 12
13:32 2020

Ба ҳолати 12 август шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон давоми 24 соати охир беш аз 266 ҳазор нафар зиёд шуда, аз 20,5 миллион гузаштааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 10 697 832 (+106 903 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 277 нафар зиёд шуда, ба 390 850 нафар расидааст.

Дар Аврупо 3 606 373 сироятёфта ва 217 278 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 21 315 ва фавт — 267 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 2 691 452 ва қурбониён 54 633 мебошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 58 679 нафар зиёд шуда, 956 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 305 957. Баъдан Бразилия (3 112 393), Ҳиндустон (2 328 405), Россия (897 599), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (566 109), Мексика (492 522), Перу (489 680), Колумбия (410 453), Чили (376 616) ва Испания (373 692) ҷойгиранд.

АКС аз бойгонӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 741
  • 1,242
  • 949,761