Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар шаҳри Бӯстон

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар шаҳри Бӯстон
Август 13
10:48 2020

Имрӯз, 13 августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ҳамасола  18 август дар рӯзи милоди хуҷастаи файласуф ва табиби ҳозиқ Абӯалӣ ибни Сино таҷлил мегардад, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомади тантанавӣ бо сухани ифтитоҳии сартабиби  беморхонаи шаҳрии шаҳри Бӯстон Зулола Ибрагимова оғоз гардид.

Дар идома Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода номаи табрикии хешро  ба самъи кормандони соҳаи тибби шаҳр манзур намуда, аз хизматҳои шоиста  ва   заҳматҳои  пайвастаи табибону ҳамшираҳои тиб дар самти сиҳатбахшии аҳолӣ ва бахусус дар мубориза бо бемории коронавирус  ёдовар шуд.

Номбурда оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ёдовар шуда,  иброз дошт, ки  дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон сохта  мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизоти муосири муоинавӣ, муолиҷавӣ ва ёрирасон, дар давлатҳои хориҷ ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани  мутахассисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва кормандони соҳа ва дигар тадбирҳои муҳим ҷиҳати рушди соҳа ба кор гирифта шудааст, ки шоистаи зикр мебошад.

Пасон, ба як қатор табибону ҳамшираҳои тиб, ки фаъолияти шоиста дошта, дар мубориза бо бемории сироятии коронавирус саҳми шоиста гузошта истодаанд, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 1,028
  • 1,242
  • 950,048