Дар Мастчоҳ табибон ва кормандони фаъоли соҳаро бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб қадрдонӣ намуданд

Дар Мастчоҳ табибон ва кормандони фаъоли соҳаро бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб қадрдонӣ намуданд
Август 14
15:19 2020

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати фарорасии Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки ҳамасола дар мамлакат 18 август таҷлил мешавад,  ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад бо назардошти фаъолияти пурсамар як гурӯҳ табибон ва кормандони соҳа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода кормандони соҳаи тандрустиро  бо иди касбиашон  муборакбод гуфта, зикр намуд, ки мо фаъолияти табибону кормандони соҳаи тиб, заҳмату меҳнати духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқатро намунаи олии хизмат ба халқу Ватан арзёбӣ менамоем.

«Шумо – табибону кормандони соҳа муҳимтарин афроди ҷомеа буда, бо донишу таҷриба, маҳорату малакаи касбии худ ба одамон умри дубора мебахшед. Маҳз натиҷаи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат буд, ки тайи солҳои охир дар ноҳияи Мастчоҳ 5 маркази замонавии саломатӣба истифода дода шуд. Ҷиҳати таъмиру тармим ва навсозии муассисаҳои тандурустии ноҳия, аз  ҷумла беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва Навбаҳор, маркази саломатии ноҳиявӣ бо ҷалби аҳолӣ ва соҳибкорони саховатманд зиёда аз 2,1 млн. сомонӣ равона гардид. Ҳоло ҷиҳати пешрафти соҳаи тиб, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтарини дармону табобат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ мунтазам чораҷӯӣ менамояд»,- гуфт Тоҳир Азиззода.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 973
  • 1,242
  • 949,993