Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони беморанд

Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони беморанд
Август 19
09:51 2020

Ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, бо ҳама қишрҳои ҷомеа вохурию мулоқотҳо баргузор намуда, аз ҳоли эшон ҳамеша бохабар мебошанд. Вохӯрии Пешвои муаззами миллат ба ифтихори Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва солгарди бузургтарин чеҳраи илми Шарқ -Абӯалӣ ибни Сино, ки яке аз поягузорони илми тиб маҳсуб мешавад, боиси ифтихори тамоми кормандони соҳаи тибби мамлакат буда, моро водор менамояд, ки содиқона ба мардуму миллати хеш хизмат намоем. Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муддат дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони соҳаи тиб 33 мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро ҳамеша баррасӣ менамояд. Роҳбари давлат зимни суханронии хеш иброз доштанд: Соли равон – соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус буд. Қобили зикр аст, ки аксари табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар муассисаҳои тиббии кишварамон аз паҳншавии босуръати пандемия наҳаросида, аз рӯзҳои аввал бо ҷасорат муборизаро оғоз карданд, ҳатто собиқадорону нафақахӯрони соҳа бо амри виҷдон ба ин кори хайр ҳамроҳ шуданд. Табибоне, ки дар он шабу рӯзҳо дар беморхонаҳои сироятӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда заҳмат кашиданд, намунаи баланди ватандӯстиву инсондӯстӣ нишон доданд ва садоқати худро ба касби интихобнамудаашон исбот карданд. Баъзе табибон ва ҳамшираҳои шафқат ҳатто се-чор моҳ аз ҷойи кори худ берун нарафтанд, худашон бемор шуданд, табобат гирифтанд ва боз корашонро идома доданд. Ва имрӯз ҳам фаъолияти худро содиқона идома дода истодаанд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо аз ҷиҳати ободӣ ва баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум, аз ҷумла дар соҳаи тиб ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин боиси озурдахотирии ашхоси ғаразҳои сиёсидошта гаштааст ва ба ҳар роҳу восита мехостанд мардуми моро ба таҳлука андохта, ҳатто бо истифода аз бемории каронавирус мехостанд кори табибонро мушкил сохта, ғаразҳои сиёсии худро пиёда намоянд. Мардуми тоҷик тули даҳсолаҳои истиқлолият бо ин гуна ашхос борҳо рӯ ба рӯ шудааст ва хуб медонад, ки ин ашхос нодонон ё гумроҳшудагонанд:

Чун ҷомаи чармин бувад суҳбати нодон,

Зеро ки гарон бошаду тан гарм надорад!

Хушбахтона, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои хуб ба бор овард ва бо амалӣ намудани чораҳои фаврӣ, таблиғоту фаҳмондадиҳӣ, безараргардонии маҳалҳои зист, хонаҳои истиқомативу муассисаҳои иҷтимоӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, инчунин, пешбурди омори шахсони бемор, дар тамоми қаламрави мамлакат пеши роҳи паҳншавии беморӣ то андозае гирифта шуд.

Пешвои муаззами миллат зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки пандемияи КОВИД-19 ба иқтисодиёти ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ таъсири манфӣ расонид ва таъсири он ҳанӯз идома дорад. Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 расидааст, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст. Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа сохта, ба истифода дода шудааст. Танҳо соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуда, дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ ва барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст. Буҷети соҳаи тандурустӣ дар соли 2020-ум 1 миллиарду 841 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 7,2 баробар зиёд мебошад. Дар 29 соли истиқлол музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ аз 3 сомонӣ ба 1253 сомонӣ расонида шуда, ин нишондиҳанда ҳатто нисбат ба соли 2007-ум қариб 20 баробар зиёд шудааст. Бо Фармони Президенти мамлакат, ки чанд рӯз пештар ба тасвиб расид, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ аксари муассисаҳои тиббӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, сатҳу сифати табобати беморон тадриҷан беҳтар ва ҳолатҳои барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар рафтани шаҳрвандон хеле кам гардид. Беҳбудии сифати хизматрасониҳои тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад. Бо ин мақсад дар ин давра “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ “Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард.

Имрӯз дар кишвар шумораи табибон беш аз 19 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 29 фоиз, нисбат ба соли 2000-ум 32 фоиз ва назар ба соли 2010-ум беш аз 19 фоиз зиёд мебошад.

Ҳар сол Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои соҳа ба ҳисоби миёна 1282 нафар кадрҳои ҷавон тайёр мекунад, яъне дар 5 соли охир ин муассисаи таҳсилоти олии касбиро қариб 6500 нафар ҷавонон хатм кардаанд.

Шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ ҳоло ба 54 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 1991-ум 27 фоиз ва дар муқоиса бо соли 2010-ум 35 фоиз зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки аз 13 муассисаи илмии вазорат 10 муассиса ва аз 31 муассисаи таълимии соҳаи тандурустӣ 20 муассиса дар замони соҳибистиқлолӣ таъсис дода шудааст, ки ин худ гувоҳи дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти рушди илм дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Имрӯз дар кишвар 21 дастгоҳи томографияи компютерӣ (дар соли 1991–ум 1 адад), 873 дастгоҳи ташхиси ултрасадо (соли 1992-12 адад), 76 дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ (соли 1997-1), 11 дастгоҳи томографияи магнитии резонансӣ, 8 дастгоҳи ангиографӣ ва 46 дастгоҳи рентгени рақамӣ дар хизмати мардум қарор дорад.

Бо дарназардошти он, ки татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи тандурустӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба малакаи ташкилотчигӣ, донишу таҷриба ва қобилияти кордонии сартабибон вобастагии зиёд дорад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки талаботро нисбат ба мутахассисоне, ки ба вазифаи сартабиб таъйин карда мешаванд, пурзӯр намуда, ба масъалаҳои интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва давра ба давра аз аттестатсия гузаронидани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳад.

Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд. Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд. Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад.

Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд зеро, ки пайравони Синои бузург мебошанд.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 53 нафар кормандони соҳаи тандурустиро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намуданд.

Бознашр аз сомонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 940
  • 1,242
  • 949,960