Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи тиб
Август 19
18:10 2020

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб  имрӯз, 19 август дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чорабинии бошукӯҳи  идона баргузор  гардид, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон  Абдуфаттоҳзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтгул Каррева, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшо Гулзода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Самариддин Ализода ва доираи васеи роҳбарону кормандони муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ Нурхон Ҳаётзода чорбиниро ҳусни оғоз намуда, пасон сухани ифтитоҳиро ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Абдуллозода дод.

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани табрикотии хеш иброз намуд, ки боиси хушнудии ҳар яки мост, ки бори аввал дар таърихи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии кишвар рӯзи гузашта бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Албатта ин воқеаи таърихӣ боиси ифтихори ҳамаи мо кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар баромади Ҷаноби Олӣ, таҳлили пурраи вазъи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар даврони Истиқлолият дарҷ гардида, дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта қайд гардида, баҳри беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба мардуми кишвар вазифагузорӣ карда шуд.

-Як нуқтаро мехоҳам таъкид намоям, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ барои хизматҳои бемислу монанди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тибби ҷаҳонӣ  дар кишвар як қатор иқдомҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ҳамасола ҷашн гирифтани рузи таваллуди ин нобиғаи бузург, яке аз муассисаҳои бонуфузи таълимии мамлакат-Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи ин чеҳраи мондагори таърих гузошта шуд. Барои олимони кишвар, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ихтироъкорӣ менамоянд, ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис ёфт. Яке аз ноҳияҳои калонтарини шаҳри Душанбе низ ба номи ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик гузошта шуд.

Боиси қайд аст, ки тавассути дастгирӣ ва кӯмакҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тули солҳои Истиқлолият дар соҳаи тандурустии кишвар баҳри беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст, аз он ҷумла муассисаҳои зиёди ҳозиразамони тиббӣ сохта ва таъмир карда шуда, бо техника ва таҷҳизотҳои навтарин таъмин карда шудаанд. Дар ин раванд бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии хеш дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд доранд. Далели ин гуфтаҳо, дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат мебошад, ки пеш аз ин шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ин мақсадҳо ба хориҷи кишвар сафар мекарданд, ки ба манфиати иқтисодии мамлакат набуд,-иброз дошт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода.

Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон  Абдуфаттоҳзода низ дар навбати худ кулли кормандони соҳаи тандурустии кишварро бо Иди касбиашон табрику  шодбош намуда, иброз дошт, ки хурсандиовар аст, ки табибони тоҷик дар сар то сари кишвар ҳамасола Иди касбии худро бо тантана қайд менамоянд. Номбурда дар ҷараёни суханронии хеш аз дастигириву пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, аз ҷумла иброз намуд, ки соҳаи тандурустӣ  имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари  давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Роҳбари Намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтгул Каррева аз иштироки худ дар чунин як чорабинии бошукӯҳи кормандони соҳаи тандурустии мамлакат изҳори хурсандӣ намуда, дар симои иштирокчиён  тамоми табибони мамлакатро бо ин рӯз табрик намуд.

Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳаи тандурустӣ  аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо унвони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуд.

Қобили зикри хос аст, ки аз соли 1994  18 август, яъне рӯзи таваллуди Абуалӣ ибни Сино ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷлил карда мешавад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 693
  • 1,242
  • 949,713