Назорати истифодаи ниқоби тиббӣ ва риояи фосила дар нақлиёти ҷамъиятӣ пурзӯр карда мешавад

Назорати истифодаи ниқоби тиббӣ ва риояи фосила дар нақлиёти ҷамъиятӣ пурзӯр карда мешавад
Август 21
08:01 2020

Бо мақсади тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии нави короновирус дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо кормандони ин марказ баргузор гардид.

Роҳбарияти марказ зикр намуд, ки бо баргузор намудани чорабиниҳои гуногун ва рейдҳои назоратӣ ба шаҳрвандон қоидаҳои беҳдошти шахсиро доим хотиррасон созанд ва риояи ҳатмии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Роҳбарони тамоми корхонаву муассисаҳо новобаста ба самти фаъолият вазифадоранд, ки дар ин самт тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд. Мо бояд фаҳмонем, ки хатари бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирусро саҳл нагиранд ва бо саломативу ҳаёт бозӣ накунанд.

Дар заминаи ин дастуру супоришҳо бо ҷалби мақомоти дахлдор дар кўчаҳои шаҳр рейдҳои мақсаднок ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ гузаронида шуд.

Мутаассифона мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ масофа ва реҷаи ниқобӣ то ҳол риоя карда намешавад. Ронандагони нақлиёти мусофирбар аз меъёр зиёд шаҳрвнадонро савор мекунанд ва дар бархе ҳолатҳо худашон низ бениқоб нақлиётро идора мекунанд. Дар натиҷаи баргузории рейди мазкур нисбати қонуншиканон чораҳои дахлдор андешида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар оянда низ чунин рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормнадони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд пайваста гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978