Август 21
09:42
2020
Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб як зумра собиқадорони соҳаро аёдат кард.
Дар Рӯзи иди касбии табибон раиси кумитаи иттифоқи касабаи Сарраёсати мазкур Мирзорустам Ғафуров собиқадорони соҳа, Аълочиёни тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадони илмҳои фарматсевтӣ Исмоил Ҳайитов, Исохоҷа Каримхоҷаев, Хайрулло Ёқубов, Ҳадятулло Убайдуллоев ва Анорқул Бобоевро аёдат карда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Собиқаторони соҳа ба роҳбарияти Сарраёсати мазкур ҷиҳати ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.