Ба 332 нафар табобати амбулаторӣ гузаронида шуд

Ба 332 нафар табобати амбулаторӣ гузаронида шуд
Август 24
07:50 2020

Муассисаи  давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» баҳри пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбӣ ва паст намудани хуруҷи бемориҳои асосии ҷанбаи иҷтимоидошта фаъолияти хешро равона сохта, тавассути бахшҳои амбулаториву табобатӣ шахсони имконияташон маҳдуд, беморону ниёзмандонро бо имкониятҳои мавҷуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифтааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар Бахши амбулатории муассиса қабули беморон аз рӯи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза ба шахсони маъюб ва оилаҳои камбизоат ба таври ройгон хизматрасонии тиббӣ пешниҳод карда мешавад.

Давоми 6 моҳи аввали соли равон ба 332 нафар табобати амбулаторӣ гузаронида шуда, тибқи таҳлил 96,4% муроҷиати амбулаторӣ аз бемории асаб мебошад, ки 95,3%-и онро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Дар ҳуҷраи гиёҳдармонии муассиса бо истифода аз растаниҳои шифобахши ватанӣ ҳамарӯза ба беморони бистаришуда, инчунин беморони амбулаторӣ табобати гиёҳдармонӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби ҳуҷра дар ин давра ба 1006 ниёзманд хизмат расонида шуд.

Дар бахши табобатӣ ҷиҳати тавонбахшии маъюбон, мутобиқшавии онҳо ба ҷомеа ва устувории ҷисмониву равонӣ 743 нафар табобат гирифтанд, ки ин 8323 кат/рӯзро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти муассиса дар давраи ҳисоботӣ ба корҳои тадқиқотиву илмӣ, таҳияи фишурда ва мақолаҳои илмӣ, мустаҳкамсозии тавонбахшии маъюбон бо корҳои илман асоснокшуда ва амсоли ин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, иқтидори зеҳнии мутахассисони соҳаро ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ равона сохтааст.

(Акс аз бойгонӣ)

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172