СУТ хабар медиҳад, ки 172 кишвар дар коркарди ваксинаҳои зидди коронавирус ҳамкорӣ мекунанд

СУТ хабар медиҳад, ки 172 кишвар дар коркарди ваксинаҳои зидди коронавирус ҳамкорӣ мекунанд
Август 25
13:33 2020

Як саду ҳафтоду ду кишвар ба механизми байналмилалии COVAX пайвастанд, ки ҳадафи он таъмини одилонаи ҳамаи кишварҳо бо ваксинаҳои зидди коронавирус, вақте ки ин дору пайдо мешавад, мебошад. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ хабар медиҳад, директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус рӯзи душанбе, 24 август дар брифинг дар Женева дар ин хусус иттилоъ додааст.

Вай дар мавриди ирсоли номаҳо дар ҳафтаи гузашта ба ҳамаи кишварҳо ёдовар шуд, ки зимни онҳо дархост шудааст дар ҳамкорӣ  барои зудтар коркард намудани воситаҳои зидди коронавирус шарик шаванд. «То имрӯз 172 кишвар дар механизми ҷаҳонии COVAX иштирок мекунанд», — гуфтааст директори генералӣ. Ба гуфтаи вай, ҳоло «маҷмӯан нуҳ ваксина коркард шудааст.» «Мо бо тамоми истеҳсолкунандагони ваксинаҳо ҳамкорӣ мекунем, то ин ки ҳамаи кишварҳое, ки сари вақт ба ин кӯшишҳо мепайванданд, дастрасии одилона ба  тамоми ваксинаҳои дорои иҷозатнома ва  тасдиқшуда дошта бошанд», — таъкид кард роҳбари СУТ.

Директори генералӣ зикр кард, ки иштироки кишварҳо дар механизми ҷаҳонии COVAX имкон медиҳад нархи ваксинаҳо дар ҳудуди поини эҳтимолӣ нигоҳ дошта шавад. Агар танҳо шумораи ками кишварҳо ваксинаҳоро содир кунанд, пас пандемия тӯлонитар хоҳад шуд. Ӯ ҳушдор дод ва илова кард, ки «миллатгароӣ дар соҳаи ваксина танҳо ба вирус кумак мекунад.»

Тедрос Аданом Гебрейесус ба ин назар аст, ки дар марҳилаи аввали эмкунӣ, ки ҳанӯз таъминоти ваксина маҳдуд хоҳад буд, «муҳим ин аст, ки ҳамаи онҳое, ки зери хатари баланд қарор доранд, бо ваксинаҳо таъмин карда шаванд».

Дар ин робита ӯ кормандони соҳаи тибро дар ҷойи аввал гузошт ва тавзеҳ дод, ки онҳо «дар сафи пеши ҷабҳаи мубориза алайҳи пандемия қарор доранд.» Сардори СУТ бар ин ақида аст, ки ҳангоми эмкунӣ шахсони 65-сола ва калонтар, инчунин касони гирифтори бемориҳое, ки ҳангоми ба  бемории COVID-19 мубтало шудан хатари маргро зиёд мекунанд, бояд афзалият дошта  бошанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 1,136
  • 1,242
  • 950,156