Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон: 8 мақолаи илмӣ тарҳрезӣ шуд

Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон: 8 мақолаи илмӣ тарҳрезӣ шуд
Август 25
14:43 2020

Роҳбарияти Муассисаи  давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон»  ба корҳои тадқиқотиву илмӣ, таҳияи фишурда ва мақолаҳои илмӣ, мустаҳкамсозии тавонбахшии маъюбон бо корҳои илман асоснокшуда ва амсоли ин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, иқтидори зеҳнии мутахассисони соҳаро ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ равона сохтааст.

Аз аввали сол то инҷониб олимон ва ходимони илмии муассиса 8 мақолаҳои илмӣ тарҳрезӣ намуда, барои нашр ба маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) ва маҷмӯаҳои илмии муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд.

Дар муассисаи мазкур 4 нафар унвонҷӯ ва 1 нафар докторант фаъолият намуда, мунтазам дар таҳлили вазъи кунунии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар масоили усулҳои тавонбахшии маъюбон ва барқарорсозии қобилияти кории онҳо, омодасозии мақолаҳои илмӣ ва ғайра мубодилаи таҷриба намуда истодаанд.

Соли ҷорӣ мавзӯи фармоишии “Баҳодиҳии тиббию иҷтимоии самаранокии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2019” ба аҷом расонида шуда, ҳисоботи пурраи он тибқи нақшаҳои қаблан тасдиқшуда пас аз баррасӣ дар Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муассиса дар доираи мавзӯи фармоишии “Роҳҳои беҳтаргардонии системаи тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023” идома  дода шуд.

Фаъолияти бахши захиравию таълимӣ бо назардошти дар оянда дар заминаи муассиса ҷорӣ намудани докторантура бо шакли PhD мустаҳкам гардонида шуда, дар асоси барномаи таълимии тасдиқшуда модулҳои таълимӣ таҳия гардида истодаанд.

Ҷиҳати мустаҳкам намудани иқтидори муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ дар соли таҳсили 2019-2020 аз рӯи барномаи “Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” (барои табибон) 10 нафар дар як курси таълимӣ ва аз рӯи барномаи “Кори ҳамширагӣ” дар экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” (барои кормандони миёна) 7 нафар дар як курси таълимӣ, инчунин аз рӯи барномаи “Кори иҷтимоӣ” (барои кормандони хурд) 34 нафар дар ду курси таълимӣ бо омӯзиш фаро гирифта шуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 962
  • 1,242
  • 949,982