Кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 миёни хонандагон ва омӯзгорони як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Ин навбат мутахассисони муассисаи мазкур ба Муассисаи давлатии томактабии №1 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри мазкур ташриф оварда, бо хонандагону омӯзгорони онҳо ҷиҳати пешгирии бемории мазкур вохурӣ гузарониданд.
Дар муассисаҳои мазкур аз ҷониби муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим” Холов С. ба хонандагон тарзи дурусти истифодаи маводҳои безараргардонӣ, аз ҷумла маҳлули антисептикӣ, тарзи пӯшидани ниқоби тиббӣ, дастпӯшак ва нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоиро аз нигоҳи тавсияи мутахасисони соҳаи тандурустӣ нишон дод.
Бояд гуфт, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ дар шаҳри Левакант аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ ва масъулин баҳри пешгирии бемории коронавирус пайваста гузаронида мешаванд.