Зафар Ҳусейнзода: Сухани хуб ними табобат аст!

Зафар Ҳусейнзода: Сухани хуб ними табобат аст!
Август 31
16:14 2020

Бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, №415 Маркази ҷумҳуриявии клиникии саратоншиносӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табдили ном кард.

Муассисаи мазкур соли 2009 ва 2019 аз аккредитатсияи давлатӣ  ҳамчун муасиссаи илмӣ (№ 28, шаҳодатномаи силсилаи АК-1  №0000123) гузашта дар самти ташхис ва табобат фаъолияти худро пеш мебарад.

Зафар Ҳусейнзода, доктори илмҳои тиб, табиби дараҷаи олӣ, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии  мамлакат дар даврони Истиқлолият давлатӣ ба таври бесобиқа рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар идомаи суҳбат номбурда аз  ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаҳои тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами  миллат имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ дар мамлакат бо суръати баланд рушд намуда истодааст.

Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ҳусейнзода иброз дошт, ки кормандони муассисаи мазкур давоми 6 моҳи аввали соли равон дар асоси ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, дар солимгардонии аҳолии мамлакат саҳми намоёни хешро гузоштанд.

Муассиси мазкур аз соли 2009 аъзои Гурӯҳи Аврупои шарқӣ (Восточно Европейская группа изучения сарком) оиди омӯзиши саркомаҳо буда, бо якҷоягии мутахассисони соҳаи саратоншиносии кишварҳои Россия, Армения, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Белорусия, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҳамкорӣ менамояд. Инчунин, директори муассиса азъои таҳририяи  маҷаллаҳои саратоншиносии Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон  мебошад.

Ҳамзамон, сармутахассиси соҳаи саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода  раиси ассотсиатсияи саратоншиносони Тоҷикистон буда, ҳамзамон  аъзои ассотсиатсияи саратоншиносон ва радиологиони ИДМ ва Евразия дар шаҳри Москва мебошад. Номбурда ҳамчунин аз моҳи августи соли 2019 ҳамчун намояндаи  доимии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва азъои Академияи саратоншиносони Аврупои марказию Шарқӣ  дар шаҳри Будапешти Венгрия интихоб шуда, дар он намояндагӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки дар Марказ 7 нафар доктори  илмҳои тиб  ва 11  нафар номзади илмҳои тиб фаъолият намуда, дар самти ташхис ва табобати беморони гирифтори саратон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Айни замон дар соҳаи саратоншиносӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ  9  нафар докторони илмҳои тиб ва 17 номзадони илмҳои тиб кор мекунанд. Дар маҷмӯъ, аз 85 нафар кормандони марказ  51 нафарашон корманди илмӣ мебошанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар базаи  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   3 кафедра – кафедраи саратоншиносӣ ва рентгенологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва кафедраи саратоншиносии Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ”  фаъолият менамояд.

Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” дорои 235 кат буда, дар он ҳашт шӯъба, аз қабили шӯъбаи бемориҳои репродуктивӣ, шӯъбаи онкопроктоурологӣ, шӯъбаи кӯдакона, шӯъбаи кимиёдармонӣ ва ёрии полиативӣ, шӯъбаи тороко-абдоминалӣ, шӯъбаи умумӣ, шӯъбаи нурдармонӣ ва шӯъбаи маммалогӣ ва ҷарроҳии реконструктивию барқарорсозӣ   фаъолият менамоянд.

Дар Марказ дармонгоҳи машваратӣ амал мекунад, ки дар як рӯз қобилияти қабул намудани зиёда аз 280 беморро дорад. Инчунин, дар дармонгоҳи машваратӣ беморон метавонанд ба табиби сару гардан, табиби бемориҳои занона, ҷарроҳони кӯдакон ва калонсолон муроҷиат намоянд.

Бояд гуфт, ки дар марказ дар аввали соли 2000 лабараторияи морфологӣ ва моҳи ноябри соли 2008 ташхисгоҳи имунно-гистохимиявӣ ба кор  оғоз намуданд, ки ин боиси хеле осон шудани ташхисгузаронии морфологӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки дар муоина ва муайян намудани ташхиси беморони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ саҳми шӯъбаи рентгенология ва ултрасадо мавқеъи муҳим дорад, ки дар он мутахассисони  соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд. Шӯъбаи мазкур бо дастгоҳҳои рентгенӣ ва дигар лавозимоти даркорӣ барои кори пурраи он таҷҳизонида шудааст. Дар шӯъбаи мазкур дастгоҳи Мамограф фаъолият дорад, ки он барои дарёфти бармаҳали бемории саратони ғадуди ширӣ дар занон бениҳоят муҳим мебошад.

Ҳамзамон, дар шӯъбаи ташхиси дарунӣ муоинаи ултрасадои узвҳо ва ташхиси эндоскопи гузаронида мешавад. Шӯъба бо 5 адад таҷҳизоти ултрасадо, гастроскоп, брохоскоп таҷҳизонида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки давоми 6 моҳи соли равон дар маркази мазкур беш аз 10 вебинари дохиливу байналмилалӣ бо иштироки мутахасисони варзидаи зиёда аз 30 Марказҳои илмии хориҷи кишвар баргузор гардид, ки дар онҳо кормандони марказ бо маърузаҳои худ иштирок намуда, бо мутахассисони кишварҳои хориҷ табодули таҷриба намуданд.

Иҷроиши Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2010-2020

Бояд гуфт, ки мақсади асосии «Стратегияи миллии солмии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2010-2020» мустаҳкам намудани солимии аҳолӣ мебошад. Яке аз самтҳои асосии стратегияи мазкур паст намудани  бемориҳои ғайрисироятӣ, ки ба онҳо омосҳои бадсифат низ дохил мешаванд, мебошад.

Бо мақсади таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, пурзӯр намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳои махсусгардонидашуда Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бо Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва иттилоот, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, пажӯҳишгоҳҳо, марказҳои илмӣ, муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ ва солимгардонӣ ва ҳамкорони байналмилалӣ ҳамоҳанг сохтааст.

Барои ташхиси саривақтии омосҳои бадсифат базаи моддӣ-техникии марказҳои вилоятии саратоншиносӣ  бо таҷҳизоти эндоскопӣ, рентгенологӣ ва фаросадо  ҷиҳозонида шудаанд.

Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани кадрҳои илмӣ ба воситаи аспирантура, докторантура ва инчунин унвонҷўӣ амалӣ  карда мешавад.

Зафар Ҳусейнзода, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, тамоми кормандони марказ кӯшиш ва талоши хешро бар он равона сохтаанд, ки ба шаҳрвандони мамлакат дар сатҳи баланд хизмат расонанд.

Директори муассисаи мазкур Зафар Ҳусейнзода мегуяд, дар маҷлисҳои марказ пайваста аз кормандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳангоми  табобат бо беморон муоширати хуб дошта бошанд.  Ҳамсуҳбати мо мутмаин аст, ки воқеан сухани хуб ними табобат аст.

Зафар Ҳусейнзода, Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охир изҳор намуд, ки мо кормандони соҳаи тандурустии кишвар дар асоси ҳидоятҳои Пешвои хирадманду ғамхори миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тамоми донишу малака ва ҷаҳду талоши хешро барои солимии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз истифода хоҳем бурд.

moh.tj

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,041
  • 1,242
  • 950,061