Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон: Сифати таълим беҳтар мегардад

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон: Сифати таълим беҳтар мегардад
Сентябр 03
12:27 2020

Чанде қабл дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷаласаи нахустини Шӯрои олимони донишгоҳ барои соли нави таҳсили 2020-2021 баргузор гардид.

Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон омӯзгоронеро, ки бо фаъолияти пурсамарашон дар пешрафти донишгоҳ натиҷа ва дастовардҳои назаррас доранд,  аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумурии Точикистон бо нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо  сарфароз гардонид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои омодагии шуъбаи таълим, деканат ва кафедраҳо ба соли нави таҳсил, натиҷаи  озмуни қабули кормандони ҲПО, қабули донишҷӯён ба курси якум, тасдиқи нақшаи кории Раёсат ва Нақшаи кории  Шӯрои олимон барои соли таҳсили 2020 – 2021 баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Дар идомаи ҷаласа дигар масъалаҳои муҳим, аз қабили таъсиси кафедраи нави ҷарроҳии № 2 ва тасдиқи Низомномаи он, тағйироти кадрӣ дар ДДТХ, гузаронидани як гурӯҳ донишҷӯён аз таълими ғайриройгон ба ройгон, ба иҷора гирифтани манзилҳои истиқоматӣ ва идоравӣ, тайёрӣ ба гузаронидани аттестатсияи дохилидонишгоҳӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ  ва ғайра мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд.

Дар охир таъкид гардид, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳар як омӯзгор аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, дар якҷоягӣ баҳри пешбурди фаъолияти донишгоҳ саҳмгузор бошад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,114
  • 1,242
  • 950,134