COVID-19. Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ доир гардид

COVID-19. Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ доир гардид
Сентябр 05
09:47 2020

Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба интиқол, пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилотию таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Муовини Сарвазири мамлакат оид ба дастуру супоришҳои Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ ва пешгирии мавҷи дуюми коронавируси нав ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки бо назардошти авҷи марҳилаи дуюми ин беморӣ аз баргузории ҳама гуна чорабиниҳо муваққатан худдорӣ карда шуда, корҳои пешгирикунанда вусъат дода шаванд.

Ширин Исматуллозода зикр намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур корҳои профилактикӣ ва санитарию эпидемиологӣ пурзӯр карда шаванд ва сокинон, аз ҷумла хонандагон ҳатман аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намоянд. Чунки як омили пешгирикунандаи ин беморӣ риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад.

Ҳамчунин муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, беморхона ва марказҳои саломатӣ, ҷараёни гардиши усулҳои хона ба хона, захираи маводи доруворӣ, дар ҳолати омодабош қарор доштани катҳои бистарӣ боздид ба амал оварда, ба масъулин дастур дод, ки корҳои зиддиэпидемикӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят тезонида шаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,115
  • 1,242
  • 950,135