Аҳтам Абдуллозода кормандони соҳаи тибро ба ҷашни Истиқлолият табрик намуд

Аҳтам Абдуллозода кормандони соҳаи тибро ба ҷашни Истиқлолият табрик намуд
Сентябр 08
08:14 2020

7 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бахшида ба ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона доир гардид, ки дар он муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозиринро ба ин ҷашни бузурги миллӣ шодбош намуда,  пасон сухани табрикотиро ба  муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дод.

Аҳтам Абдуллозода, муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, аз ҷумла иброз дошт, ки натиҷаи муқовимат бо бемории COVID-19 нишон дод, ки дар маҷмӯъ соҳаи тандурустии Тоҷикистон иқтидор дорад то бар зидди чунин як пандемияи мушкил ва мураккаб муқовимат намояд.

Ҳамзамон, номбурда иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барнома, стратегия, консепсия ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавию стратегии рушди соҳаи тиб қабул гардида истодаанд, ки дар рушди соҳаи тиббии мамлакат таъсири амиқи хешро гузошта истодаанд.

-Таърихи миллати тоҷик шурӯъ аз давраи Абӯалӣ ибни Сино  дар соли 2020 бори дигар ба муҳимияти соҳаи тандурустӣ ру ба ру шуд ва исбот гардид, ки ин соҳа  дар рушди давлатдорӣ ниҳоят муҳим  мебошад. Чунки таъмини саломатии мардум яке аз рукнҳои асосии  амнияти давлат ба ҳисоб меравад,-афзуд номбурда.

Дар анҷоми суханронии хеш муовини аввали  Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бори дигар кормандони соҳаи тибро ба ҷашни бузурги миллӣ, 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар кору фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ орзу намуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 960
  • 1,242
  • 949,980