Сабабҳои пайдоиши бемории ишемикии дил ва роҳҳои пешгирии он

Сабабҳои пайдоиши бемории ишемикии дил ва роҳҳои  пешгирии он
Сентябр 15
13:18 2020

Бемориҳои рагҳои хунгарди дил, аз қабили бемории ишемикии дил, сактаи дил, бемории фишорбаландии  шараёнӣ (гипертоникӣ) ва ғайра барои саломатии инсон  хатари ҷиддӣ дошта, ҳатто ба марг сабаб шуда метавонанд.

Бемории ишемикии дил (БИД) беморие мебошад, ки ҳангоми танг ё ба пуррагӣ баста шудани яке аз шараёнҳои хунгарди дил ва дар натиҷаи ба мушаки дил нокифоя рафтани хуни бо оксиген ғанибуда ба амал меояд. Нишонаҳои асосии клиникии бемории мазкур дарди сӯзишнок ё фишороварандаи хуруҷкунанда дар паси устуғони туш, қафаси сина, мавзеи дил, ки метавонад ба китфу дасти чап байни шонаҳо интишор ёбад ва инчунин эҳсоси  норасоии ҳаво, дилбеҳузурӣ, арақкунии зиёд ва ғ ба шумор мераванд.

Бояд гуфт, ки нишонаҳои пайдоиши ин беморӣ дар баъзе беморон ба воситаи дард ё вазнинӣ (ҳисси ноҳинҷорӣ) метавонад дар даст, гардан ё ҷоғ ба мушоҳида расад. Дар вақти саршавии ин беморӣ дардҳо асосан ҳангоми кори ҷисмонӣ, хастагии асаб, ҳавои сард, ё ҳаракат пас аз истеъмоли зиёди ғизо ба вуҷуд меоянд. Баъзан дардҳои болозикр метавонанд дар оромӣ ва ё ҳатто ҳангоми хоб пайдо шаванд. Сабаби асосии тангшавии рагҳои коронарӣ  ҷамъшамии чарбҳо дар девораҳои он мебошад, ки онро «атеросклероз» меноманд. Ҳамин тавр бо мурури замон равзанаи шараён  он қадар танг мегардад, ки он наметавонад хуни бо оксиген ғанибударо ба мушакҳои дил дастрас намояд. Ҳангоми зиёд шудани талабот ба оксиген ва дигар ғизоҳо (масъалан, ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ) эҳтимоли сар задании сактаи шадиди миокард хело зиёд аст.

Мутахассисони соҳа хатари пайдо шудани атеросклероз ва БИД-ро ба чунин омил  ва сабабҳо рабт медиҳанд:

– сигоркашӣ ва носкашӣ;

-фишорбаландии шараёнӣ;

– зиёд будани миқдори холестерин дар хун (гиперхолестеринемия);

– камҳаракатӣ (адинамия);

– бемории диабети қанд;

– фарбеҳӣ ё зиёд будани вазни бадан;

– ирсият.

Агар  яке аз ин омилҳои хатар барои пайдоиши бемории ишемикии дил (БИД) дар Шумо ҷой дошта бошанд, ҳатман аз муоинаи табиби ҷои истиқомат ё кардиолог гузаред ва аз ин омилҳои хатар ба зудӣ худро раҳо созед.

Бояд гуфт, ки қабл аз муайян намудани ташхис табиби табобатӣ ба Шумо гузаштани санҷишҳои зеринро тавсия медиҳад; электрокардиограмма (ЭКГ), эхокардиограмма (ЭХО-КГ), санҷиш бо кори ҷисмонӣ, озмоиши хун барои лахташавии он ва чарбиҳо, ки аз солҳои қабл низ ба беморон тавсия дода мешуд. Қобили зикр аст, ки истеъмоли дору танҳо як вақти муайян метавонад шиддатнокии дардро кам кунад. Бинобар ин пас аз пайдошавии дардҳои «ангионозӣ» бояд фавран  ба табиб муроҷиат ва барои пешгирии сактаи миокард табобати махсусро дар дақиқаҳои аввали пайдоиши дард (на дертар аз 3-6 соат)  оғоз  намуд.

Дар замони имрӯз яке аз роҳҳои муосири ташхис ва табобати бемории ишемикии дил (БИД) гузаронидани «коронарография» ва «ангиопластикаи коронари»-и таъҷилӣ мебошанд.

«Коронарография» як навъи санҷиши рентгениву контрастӣ мебошад, ки барои дақиқ ва ба пуррагӣ муайян намудани сабабҳои БИД, вазъи шарёнҳои коронарӣ, намуд, сатҳ ва ҷои тангшавии шарёни коронарӣ истифода бурда мешавад. Яъне, бо истифода аз ин намуди ташхис мо метавонем маълумоти пурра ба даст биёрем, ки ба бемор чӣ тарзи табобат истифода бурда шавад; табобати доругӣ, ангиопластикаи балонӣ, стентгузорӣ ё шунтикунии аорто-коронарӣ  (ШАК).

Дар ҳамин ҳол мутахассисони соҳа ба шахсони гирифтори бемории ишемикии дил (БИД) тавсия медиҳанд, ки пеш аз ҳама аз он омилҳои хатарноке, ки боиси пайдошавии бемории мазкур мешаванд, бояд даст бикашиданд:

Сигоркашӣ: Яке аз омилҳои асосии хатари пайдошавии БИД,  махсусан дар байни шахсони синни миёна мебошад. Пас аз як соли даст кашидан аз сигоркашӣ хатари пайдошавии БИД дар шахси гирифтори ин беморӣ то ду баробар кам мешавад. Табибон барои даст кашидан аз истеъмоли тамоку маҳсулоти никотин ивазкунанда, аз ҷумла сақиҷ, часпҳои махсус, ки ба пуст часпонида мешаванд ва ҳабҳо ба шахсоне, ки дар онҳо хатари пайдоиши  БИД вуҷуд дорад, тавсия медиҳанд.

Табобати бемории фишорбаландии шараёнӣ: Агар Шумо гирифтори бемории фишорбаландии шараёнӣ бошед, бояд ба он назорати қатъӣ дошта бошед ва рақамҳои фишори шараёни худро дар  меъёри муқарраргардида нигоҳ доред. Ба восиати кам намудани вазни бадан, бештар машғул шудан ба корҳои ҷисмонӣ, кам истифода намудани нӯшокиҳои спиртӣ ва намаки ошӣ метавон  рақамҳои фишори шараёнро дар  меъёри муайянгардида нигоҳ дошт. Аммо духтурон барои дар ҳолати муайян нигоҳ доштани ин ҳолат истеъмоли маводи дорувориро низ тавсия медиҳанд.

Назорати холестерин: Бояд холестерини хуни худро назорат намоед, ки миқдори он аз 5 ммол/л. камтар бошад. Ҳатто дар ҳолати каме зиёд будани миқдори он ҳам, аз меъёр поён нигоҳ доштанаш ба Шумо манфиати зиёд дорад.

Тарзи дурусти истеъмоли ғизо: Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки ҳар шахси гирифтори бемории ишемикии дил (БИД) бояд аз истеъмоли равған ва чарбии ҳайвонот, ки зиёдтар дар гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ба назар мерасанд, даст кашад. Хӯрокаи шахсони гиритори ин беморӣ бояд тамоми маҳсулоти зарурии ғизонок, махсусан, дорои сафеда ва витаминҳо бошад. Истеъмоли моҳӣ бо ғизо ба беморони ишемикии дил (БИД) ҳафтае 1-2 маротиба аз фоида дур набуда, он миқдори триглисеридҳоро хеле поён фароварда, инчунин аз пайдошавии лахтаҳои хун дар шараёнҳои коронрӣ пешгирӣ менамояд. Дар шахсоне, ки рӯзе  5 маротиба ва ё зиёдтар мева ва сабзавот истеъмол менамоянд, эҳтимоли гирифтор шудан ба БИД хело кам мебошад, зеро дар таркиби онҳо миқдори аминокислотаҳо, витаминҳо ва ишқори фолиевӣ мавҷуд аст, ки хусусияти муҳофизиро дорад.

Назорати вазн: Аз хотир набояд баровард, ки фарбеҳӣ ва вазни зиёд яке аз омилҳои хатари пайдоиши БИД мебошад. Бинобар ин бо кам намудани вазни бадан Шумо рақамҳои фишори шараёни худро дар як меъёр нигоҳ дошта, ба кори дил низ сабукӣ меоред. Бояд гуфт, ки оддитарин назорати вазн ин аст; аз баландии қомати худ рақами 100-ро тарҳ мекунед ва мебинед, ки хароб шудан ё вазнро кам намудан лозим аст ё не (маъсалан, баландии қомат 178,0см.  178,0 – 100=78, яъне вазни Шумо бояд аз 78 кг зиёд набошад). Дар хотир доред, ки барои кам намудани вазни бадан ғайр аз риояи парҳез, ба варзиш низ машғул шудан лозим аст. Намудҳои асосии варзиш барои шахсони гирифтори бемории ишемикии дил (БИД) инҳо мебошанд; ҳаракати тез дар роҳи ҳамвор, шиноварӣ, велосипедронӣ, аэробика ва ғайра… Роҳ гаштан  усули содда ва эътимодноки машқи дил мебошад. Муддати роҳ гаштан мувофиқи вазъи саломатӣ 30-60 дақиқа ва 2 -3 маротиба дар як рўз бо суръати 70-90 қадам дар як дақиқа мебошад. Худназораткунӣ дар ин ҳолат набояд танҳо бо вазъи саломатӣ маҳдуд шавад. Нишондиҳандаи оддӣ ва дастраси ҳолати системаи дилу рагҳо дар ҳолати вазнинӣ суръати набз мебошад. Дар оромӣ миқдори набз бояд дар атрофи 60- 85 маротиба дар як дақиқа бошад.

Бо гузашти 2-3 моҳ аз сактаи миокард ва дар ҳолати худро хуб ҳис кардан, аз ҷониби табибон ба гирифторони бемории мазкур оббозикунӣ ва каме шинокунӣ тавсия дода мешавад. Ба нафарони гирифтори БИД кори сабук дар боғ ва ҳавлӣ фоидаовар буда, аммо дар зери шўълаҳои офтоб истодан иҷозат дода намешавад. Инчунин, намудҳои зерини варзиш барои шахсони гирифтори БИД тавсия дода намешаванд; вазнбардорӣ ва теннис, махсусан пас аз истеъмоли ғизоҳои вазнин.

Мутахассисони соҳаи тиб ба гирифторони бемории ишемикии дил (БИД) тавсия медиҳанд, ки аз корҳое, ки доим асаби инсонро хароб мекунанд, даст бикашанд ва ҳангоми истироҳат дар вақти рухсатӣ ё дур аз ҷои истиқомат будан, ҳамроҳи худ гирифтани доруҳои лозимиро, ки табиби табобатӣ тавсия додааст, фаромӯш накарда,  саривақт онҳоро  истифода  намоянд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 1,136
  • 1,242
  • 950,156