Бемории остеохондрози сутунмуҳра: Сабабҳои пайдоиш, роҳҳои пешгирӣ ва табобат

Бемории остеохондрози сутунмуҳра: Сабабҳои пайдоиш, роҳҳои пешгирӣ ва табобат
Сентябр 19
09:19 2020

Айни замон 80 фоизи аҳолии курраи замин аз  дарди остеохондрози сутунмуҳра азият мекашанд. Таҳқиқоти оморие, ки дар Тоҷикистону  Россия ва дигар мамолики хориҷ гузаронида шуд, нишон медиҳад, ки танҳо иллати бемории қисмати камари устухони чорбанди сутунмуҳра дар қиёс бо дигар бемориҳо бештар паҳн гардидааст ва ҳудуди 30% аз кулли бемориҳо, 20-30% аз кулли бемориҳои системаи асаб ва 80% аз низоми ғайримарказии асабро ташкил медиҳад.

Мувофиқи нишондоди мақолаҳои муҳаққиқони соҳаи тиб, имрӯз дар ҷаҳон аз панҷ як  нафар баъд аз сисолагӣ мубталои радикулити дискогенӣ гардида, ё аз зуҳуроти ин дард ранҷ мекашидааст, ки ин беморӣ яке аз нишонаҳои остеохондроз ба ҳисоб меравад. Аммо бо дарназардошти ихтироъ ва навгониҳои технологияи муосир дар соҳаи тиб ин беморӣ ба миқдори 10-15 сол ҷавонтар гардидааст.

Бемории остеохондрози сутунмуҳра дар инсонҳое вомехурад, ки вақти зиёди худро бо дар як ҷо нишастан мегузаронанд, ки ин бештар ба ронандагони воситаҳои нақлиёт ва ҳамчунин ба истифодабарандагони компютер алоқамандӣ дорад. Дар натиҷаи  ин беморӣ қабатҳои тағоякдори байни муҳраҳо осеб дида, инчунин кушодаҳои байнимуҳравӣ танг мегарданд ва тори асаби ҳароммағз, ки аз даруни онҳо мегузарад, мавриди фишор қарор гирифта, пуч мешавад. Дар натиҷа дарди сахт ва ҷонгоҳе ба вуҷуд меояд.

Наимзода Суҳроб  Рустамхон,  духтури сутунмуҳрашиноси Муассисаи Маркази давлатии тандурустии “Шифобахш” мегӯяд, остеохондрози сутунмуҳра инсонҳоро ба нотавонию бефаъолиятӣ ва дар бисёр мавридҳо ба маъюбӣ оварда мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, сатҳи маъюбӣ дар байни бемориҳои остеохондроз  дар 10 ҳазор аҳолӣ  4 нафарро  дарбар мегирад, ки  ин нишондод дар гурўҳи бемориҳои такяву ҳаракат ҷойи аввалро ишғол менамояд.

Бино ба гуфти ин ҳамсуҳбатамон, мутахассисони палентолог зимни тадқиқоти хеш ба хулосае омадаанд, ки ҳангоме  одам ба дунё меояд ва ба пойҳои худ рост меистад, худаш худашро гирифтори бемории сутунмуҳра мегардонад.

Мавсуф сабабҳои пайдоиши бемории мазкурро аз зиёд рост истодан, бори вазнин бардоштан, хаму рост шудан, таъомҳои шӯру хунук истеъмол кардан, ҷаҳидан ва ҳаракатҳои номуносиб кардан унвон намуда, инчунин гуфт: “Дар чунин ҳолатҳо устхонҳои мавсали байни муҳраҳои сутунмуҳра, ки нақши амартизаторро иҷро менамояд, ҳолати эластикии худро гум карда, заъиф мешавад. Дар ҷойҳои часпиши сутунмуҳраҳо бо сабаби дигаргуншавии мавсал намакҳо ҷамъ шуда, ба устухончаҳо муббадал мегарданд. Дар навбати худ аз ин устухончаҳо тепачаҳо ташкил меёбанд, ки ҳангоми ба кори вазнин машғул шудани шахс устухончаҳои мазкур ҳамроҳи мавсали байни муҳраҳо ҳаракат кардаву лағжиш хурда, сурохии сутунмуҳраҳоро, ки аз онҳо торҳои асаб мегузаранд, пахш намуда, боиси пайдо шудани дард мегарданд. Чунин  ҳолатҳо дар вақти ҳаракати ногаҳонии сутунмуҳра, ё ҳангоми садама, таъсири хунукӣ, бисёр вақт дар оби хунук будан, нишастани дуру дароз дар замини намнок ва ғайраҳо ба вуҷуд меоянд”.

Наимзода Суҳроб Рустамхон, духтури сутунмуҳрашинос мегӯяд, остеохондрози гардан  имрӯз  дар байни занон ва дар байни шахсони миёнасол ва солхурда бештар ба назар мерасад: “Сутунмуҳраи гардан бори вазнин бардошта, ҳаракатҳои бисёр мекунад. Дар вақти гирифтор шудан ба ин беморӣ  дарди шадид, сузишҳои беқарор  махсусан  шабона ба миён меоянд”.

Номбурда аломатҳои остеохондрози гардан дар беморони гирифтори остеохондрози гарданро чунин баён намуд: “гоҳо гардан ва камар ба дард медароянд, гумон мекунед, ки саратон чарх ва дасту пойҳоятон сих мезананд. Инчунин ҳолати дигар он аст, ки дар камар дарди сахт ҳис намешавад, вале эҳсоси вазнинӣ дар пушт шуморо ба ташвиш меорад, карахтшавӣ ва эҳсоси виҷҷос дар пушт, гардан ва камар ба вуҷуд омада,  мушакҳо доимо дар ҳолати карахтӣ қарор мегиранд”.

Бино ба гуфти ин ҳамсуҳбатамон, вазни зиёдатӣ ва ҳамвории кафи пой ҳам метавонад сабаби пойдоиши остеохондроз гардад ва инчунин ҳолати асабонӣ низ барангезандаи ин беморист: “Ин ҳолат махсусан ба остеохондрози гардан мансуб мебошад. Дар ҳамсоягии сутунмуҳра сурхраг-артерияҳое мегузаранд, ки мағзи сарро ғизо медиҳанд; омезиши лаъличаҳои байнимуҳравӣ сурхрагҳоро фишор медиҳад, ки дар натиҷа дарди сар ва чархзании он ба вуҷуд омада, боиси тундхуйиву хашм, изтиробу ҳаяҷон, афсурдаҳоливу руҳафтодагӣ, тарангшавию дарди мушакҳои гардан, сарчархакзанӣ, фишорбаландӣ ва эҳсосоти нофорамдар инсон мегарданд. Асабонияти барзиёд на танҳо барангезандаи дард аст, ҳамчунин ба рафти табобат халал ворид месозад”.

Ин ҳамсуҳбати мо тавсия медиҳад, ки ягона роҳи халосӣ  ёфтан аз дилхоҳ дард зуд ба табиби ихтисосманд муроҷиат кардан аст: “Албатта, ҳамеша роҳи халосӣ ёфтан аз дилхоҳ беморӣ вуҷуд дорад, ки ин саривақт ба духтури соҳавӣ муроҷиат кардан мебошад. Тадбирҳои пешгирии остеохондроз нисбат ба табобати он вақти камтарро мегирад”.

Қобили зикр аст, ки ташхиси остеохондроз душвор нест, вале муоинаи пурраи вертебрологӣ, неврологӣ, ортопедӣ ва ренгенологиро талаб мекунад, ки дар рафти он хусусиятҳои вазъи  бемор, алалхусус хамшавии анталгии бадан, тарангшавии мушакҳои тахтапушт, нуқтаҳои дарднок ҳангоми даст расондан, маҳдудшавии ҳаракати бемор, аломатҳои неврологи дар бемор ошкор карда мешавад.

Тадқиқоти ренгенологӣ, томографияи компютерӣ, томографияи магнитию-резонансӣ имкон медиҳад, ки ҷойи дард, хусусиятҳо ва дараҷаи паҳншавии бемориҳо муайян карда  шаванд.

 Ин табиби ҷавон бобати пешгирии бемории остеохондрози сутунмӯҳра андешаҳояшро чунин баён намуд:

“Агар ягон узви инсон дардманд шавад, шахс худашро нороҳат ҳис карда, ҳатто мехоҳад он ҷойи дардмандашро бурида партояд, ки ин ҳолат ба асабхаробӣ оварда мерасонад. Барои худро аз ин ҳолатҳо эмин нигоҳ доштан, мо бояд ҳатман маслиҳати табибро риоя намоем ва саломатии худро нигоҳ дорем. Масалан, баъд аз 10-15 дақиқа аз ҷой бархеста каме варзиши бадан гузаронем ва ё ин, ки ҳар рўз ҳатман то 5 дақиқа худамонро дар қадкашӣ (турник) овезон нигоҳ дорем, то масофаи байни сутунмуҳраҳоро кашиш бидиҳем. Банда ҳамчун табиби ин соҳа аз бародарону хоҳарон хоҳиш менамоям, ки хеҷ вақт ба табобати худсарона машғул нашаванд.  Касоне, ки ба дарди миён гирифторанд, ташхиси рентгенӣ тасдиқ мекунад, ки сабабаш остеохондроз ҳаст ё не. Чунин шахсон бояд шартҳои зеринро риоя намоянд: аз корҳои вазнин (борбардорӣ, кори ҷисмонии вазнин) даст кашанд, то ҳадди имкон кӯшиш  кунанд, ки дар ҳавои сард камтар истанд, шамол нахуранд ва дар як сол 1-2 маротиба муолиҷаи санаторӣ гиранд.  Ва дар сурате, ки бемор табобати дуруст нагирад ё ба мутухассиси соҳаи сутунмуҳра муроҷиат накунад, дар натиҷа гирифтори чурраи сутунмуҳра  мегардад”

Табобати остеохондрози сутунмуҳра асосан ба бартараф намудани дард, вайроншавии функсияи торҳои асаби ҳароммағз ва пешгирии раванди дистрофӣ дар қисмҳои сутунмуҳра равона гардидааст. Дар аксар мавридҳо барои табобати бемории мазкур маҷмӯи дармонҳое истифода бурда мешаванд, ки мутобиқи марҳилаҳо ва ҷойи воқеъшавии касолати патологӣ, хусусияти иллатҳои невролог ва статико-динамикӣ интихоб гардидаанд.

Бояд гуфт, ки курси табобати бемории остеохондрози сутунмуҳра аз якчанд давра иборат мебошад. Давраи аввал бартараф намудани дард ва ором намудани мушакҳо, сипас  бартараф кардани оқибатҳои осеби торҳои асаб, барқарор намудани ҳаракати сегментҳои осебдидаи сутунмуҳра, ташаккул додани ба истилоҳ камарбанди мушакӣ ва каҷиҳои физиологии сутунмуҳра  мебошад.

Асоси табобати бемории остеохондрози сутунмуҳраро физиотерапия, варзиши муолиҷавӣ, маҳс ва табобати доругӣ ташкил медиҳад. Аворизи бемории остеохондрози сутунмуҳра ин протрузия ва чурраи байни муҳраи сутунмуҳра  мебошад.

Хусрав Шоҳсаидов

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 957
  • 1,242
  • 949,977