Масъалаҳои маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку баррасӣ гардиданд

Масъалаҳои маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку баррасӣ гардиданд
Сентябр 22
15:51 2020

Имрӯз, 22  сентябри соли равон бо ташаббуси Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Душанбе плаза”  вобаста ба маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку мизи мудаввар доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, Ҷамшед Муртазозода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” соли 2018 пас аз боздид ва бо назардошти дохил шудани кишвар ба Конвенсияи мубориза алайҳи тамокуи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Ҷамшед Муртазозода, намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку як қатор чораҳои муҳимро рӯи кор гирифтааст, ки барнома ва ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулгардида далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Дар мизи мудаввар зикр гардид, ки имрӯзҳо тамокукашӣ яке аз сабабҳои асосии беморшавӣ ва фавти аҳолӣ ба шумор меравад, ки он боиси нигаронии созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои олам гардидааст.

Ҳамзамон, дар мизи мудаввар Суҳроб Воҳидов, Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии  вазорат зимни суханронии хеш иброз намуд, ки мутобиқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон ҳамасола аз бемориҳои бо тамокукашӣ алоқаманд қариб 5 миллион нафар одамон мефавтанд ва ҳангоми нигоҳдории чунин тамоюл фавт аз тамокукашӣ то соли 2030 то ба 10 миллион нафар меафзояд. Фавти аз ҳама бештар дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ пешгӯӣ карда мешавад. Вусъати имрӯза ва ояндаи эпидемияи никотинӣ дар тамоми ҷаҳон  аз зарурияти қабули чораҳои байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашӣ шаҳодат медиҳад.

Маврид ба ёдоварист, ки кашидани тамоку (нафас кашидани моддаи аз сӯзондан ё гарм кардани тамоку ҳосилшуда), хоидан, бӯй кашидан, макидан ё таги забон мондани маҳсулоти тамоку, ки вобастагии организми инсонро аз никотин ба вуҷуд оварда, ба саломатии истифодабарандагон ва шахсоне, ки маҳсулоти тамокуро истифода намекунанд, таъсири манфӣ мерасонад ва муҳити зистро ифлос мекунад.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 710
  • 1,242
  • 949,730