Ҳамоиши “Созандагони Ватан” дар Донишгоҳи тиббӣ доир гардид

Ҳамоиши “Созандагони Ватан” дар  Донишгоҳи тиббӣ доир гардид
Сентябр 25
13:32 2020

Дар толори №6-и бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиши Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо иштироки ҷавонони донишгоҳ баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур Насимҷон Ҳомидзода, роҳбари Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон  «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, Лайло Шарипова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷасур Раҳмонов, роҳбари Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Ҳ. Мардонова, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳамоиши мазкур Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино”  бо иштироки роҳбари Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе,  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбари Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва корманди Кумитаи иҷроияи ноҳия бо ҷонибдории ҷавонон таъсис дода шуда, Шарифов Қувваталӣ,   роҳбари Намояндагӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тариқи ҷонибдорӣ интихоб карда шуд.

Ҳамчунин, дар рафти ҳамоиш Насимҷон Ҳомидзода, роҳбари Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе оид ба дастгирӣ аз номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, муҳимтарин ҳадафу мақсадҳои Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ – муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонид. Ҳамзамон, Ҳ. Мардонова, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ баромад намуда, мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бузургтарин мактаби давлатдорӣ барои бунёд ва рушди давлат дар заминаи тамоми арзишҳо донист.

Дар охири ҳамоиш Бунафша Сатторова, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳороти Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро дар ҳошияи маъракаи муҳими сиёсӣ – Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, бо ҳозирин якдилона аз номзади арзандаи ҲХДТ- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 646
  • 1,242
  • 949,666