Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи мазкур бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Маркази саломатӣ пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин муассисаи тандурустӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, 10 ҷои нави корӣ муҳайё гардид. Маркази саломатии мазкур дорои 8 ҳуҷра буда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шудаанд. Ҳамзамон, дар ин Маркази саломатӣ ҳуҷра бо панҷ кат барои таваллуд муҳайё карда шудааст.
Ҳамчунин, дар ин рӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази саломатии ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг як нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳи рақамии ултрасадо тақдим карда шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг, инчунин бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар деҳаи Сангрезии ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ Бунгоҳи саломатии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки муассисаи нави тандурустӣ дорои чор ҳуҷра буда, дар ин ҷо низ 7 ҷои корӣ муҳайё карда шудааст. Бунгоҳи саломатии мазкур ба аҳолии 1870 нафараи деҳаи Сангрезӣ хизмат мерасонад.
Инчунин, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг Озмоишгоҳи муосири бо тамоми техникаи зарурӣ муҷаҳҳазро баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин озмоишгоҳ панҷоҳ намуди ташхисҳо анҷом дода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушд ва пешрафти он ва ба хотири таъмини солимии аҳолӣ, ки боигарии давлат аст, имконоти фарохро муҳайё сохтааст.