Вобаста ба ифтитоҳи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” даври омӯзишӣ доир гардид

Вобаста ба ифтитоҳи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” даври омӯзишӣ доир гардид
Сентябр 28
14:43 2020

Дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд (БИР)/LLF маблағгузорӣ мегардад, рӯзҳои 22-23 сентябри соли равон даври омӯзиши ифтитоҳии лоиҳа баргузор гардид. Омӯзиш дар шакли видеоконфронс бо иштироки Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо сухани ифтитоҳӣ даври омӯзишро кушода, оид ба ҳамкории самараноки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (БИР)  ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории дуҷониба минбаъд низ  хуб ба роҳ монда хоҳанд шуд.

Дар даври омӯзишии дурӯза иштирокчиён бо таҷрибаи Бонки Исломии Рушд (БИР) дар минтақаи Осиёи Миёна ва лоиҳаҳои бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, оид ба мавзӯъҳо дар бораи тартиби корӣ ва сиёсати он  дар самти харид ва расмиёти молиявӣ, мониторинг ва арзёбӣ ошно гардиданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 982
  • 1,242
  • 950,002