Тарбия ҳусни таълим аст

Тарбия ҳусни таълим аст
Октябр 02
12:41 2020

Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯз тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи меҳандӯстиву инсонпарварӣ ва хештаншиносию худогоҳии миллӣ, роҳ надодан ба гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротию тундгаро мебошад. Аз ин хотир, таъкид намудан ба маврид аст, ки мо дар ҳамдастию ҳамкорӣ бо оила, мактаб ва ҷомеа бояд наврасону ҷавононро аз мақсадҳои нопок ва оқибатҳои даҳшатбору хатарноки чунин гурӯҳҳо огоҳонида, онҳоро ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ мусаллаҳ гардонем. Аз ҷониби дигар, дар ҳамин замина эшонро ба таҳсилу тадрис, донишандӯзии амиқ ва касбомӯзии замонавӣ равона созем.

Дар моддаи 6 – уми боби 2- юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд  омадааст: «Падару модар, новобаста  ба он, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон».

Тарбия раванди бошуурона ва мақсадноки парвариши фарзанд аз ҷониби волидон, наздикон, хешу табор ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Рисолати падару модар дар ҳаёт  қабл  аз ҳама, таълиму тарбияи фарзандон  ба шумор меравад.  Ҳамзамон, бояд гуфт, ки  дар таълиму тарбияи фарзанд   падару модар, наздикони ӯ, омӯзгор ва дар маҷмӯъ тамоми аҳли ҷомеа муваззаф мебошанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мубрам будани масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандонро таъкид менамоянд.

Бояд гуфт, ки мавқеи тарбия ҳамеша болотар аз таълим аст, зеро тарбия мақоми таълимро муайян менамояд. Тарбияи фарзанд аз  вақти таввалуд ва ҳатто қабл аз он оғоз меёбад. Бинобар ин, вазифаи падару модар танҳо хурондану пӯшонидани фарзанд нест, балки онҳоро зарур аст, ки  ба таҳсили фарзандони хеш эътибори ҷиддӣ диҳанд.  Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки барои таҳсили фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам орад, то онҳо дар оянда ҳамчун шахси хушахлоқ, баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба воя расанд. Инчунин, бояд  падару модарон дар якҷоягӣ бо мураббиёну омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастаҷамъона заҳмат кашанд.

Омӯзгор шаҳсутуни таълим ва тарбия ба ҳисоб меравад. Сирри ҳама муваффақият ба сурати комил дар шахсияти омӯзгор нуҳуфтааст. Аз ин лиҳоз, бояд муаллим ва мураббӣ аз нигоҳи хусусиятҳои шахсӣ ва касбӣ комилан омода бошанд, чунки пешаи омӯзгорӣ аз шахс масъулияти  бузургро талаб мекунад. Абӯали ибни Сино роҷеъ ба ин масъала чунин мегӯяд: «Тарбияткунандаи кӯдак бояд оқил, бодиёнат, донандаи хуби масоили тарбияи нафс,  донандаи хуби  роҳҳои тарбияи  кӯдакон,  бовиқору  ҷиддӣ,  хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат бошад». Ҷойи шубҳа нест, ки бурду бохти масоили марбут ба таълиму тарбияи кӯдакон ба омӯзгор ва муррабии муваффақ ҳамбастагии ниҳоят қавӣ дорад. Барои боз ҳам хубтар иҷро намудани пешаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ  муаллим бояд дар дили онҳо нисбат ба Ватан, модар, арзишҳои миллӣ меҳр пайдо кунад.

Тарбияи ахлоқӣ яке аз омилҳои асосии беҳтар шудани сифати таълим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба ин ҷиҳати тарбия бештар диққати махсус бояд дод. Дар таълими тарбияи ахлоқи омӯзиши ҳикояву афсона, шеъру достон, панду насиҳат аҳамияти басе калон доранд, зеро, баъзе омилҳои беруна, аз қабили таъсири муҳити атроф, кӯча, муносибат бо ҳамсолону калонсолон ба хонандагон осори худро боқӣ мегузоранд. Дар ин раванд бояд таъсиррасонии тарбияи ахлоқӣ дар муассисаҳои таълимӣ нисбат ба таъсиррасонии омилҳои беруна пурқувват бошад. Яъне, ин таъсиррасонӣ хонандаро бояд бештар ба тарбиякунӣ водор намояд. Хонанда бояд ҳар суханро хуб дарк кунад ва дар худ танҳо ҷанбаҳои мусбатро қабул намояд.

Воқеъан, имрӯз ҷавонони кишвари мо баҳри такмили донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ, омӯзиши эҷодкоронаву ихтироъкорӣ ва маҳорату малакаи хуби касбомӯзӣ  азму талош доранд.

Ҷавонони саодатманд дар равиши ҷаҳонишавӣ муттакои асосии ҷомеа буда, баҳри баланд бардоштани садоқати ватандӯстона, дарки ҳодисоту воқеоти зиндагӣ, эҳтироми падару модар, ҳисси садоқат ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ саъю кӯшиш доранд. Илова ба ин, онҳо муқаддасоти миллии хеш-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Истиқлолият, Конститутсия, забони давлатӣ ва асъори миллиро чун падидаҳои арзандаву дурахшон гувоҳ  аз устуворию пойдории кишварамон мисли гавҳараки чашм пос медоранд.

Вазифаи ҳама гуна муассисаҳои таълимӣ, махсусан аз муассисаҳои таълимии томактабӣ сар карда, то муассисаҳои олии касбӣ дар амал татбиқ намудани назарияи  таълим ва тарбия мебошад. Тарбия бо таълим робитаи ногусастанӣ дорад ва бамаврид  аст, ки бигуем асоси таълим тарбия мебошад. Тарбия одобу рафтор аст ва ба назари донишмандон, ахлоқ фалсафаи амалии ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Педагоги маъруфи рус ва яке аз машҳуртарин олимони риштаи тарбия Анатолий Василевич Луначарский оид ба тарбияи ахлоқӣ ва сиёсии ҷавонон, ки раванди басо мураккаб буда, ҳеҷ гоҳ саҳланкориро намеписандад, чунин фармуда буд: «Агар устои заргар тиллоро вайрон кунад, онро аз нав гудохтан мумкин ва сангҳои қимматбаҳо вайрону корношоям мешаванд. Вале агар одам вайрон шавад, ин гуноҳу ҷинояти бузургест».

Ҷавонони мо, ки худ ояндасози миллат мебошанд, бояд бидуни бозгӯӣ ва таъқидҳо, дар заминаи эҳсоси қадршинсӣ барои таҳқим ва такмили арзишҳои миллӣ собитқадамона гом бардоранд. Дар ин замина наврасону ҷавонони мо дар симои худ метавонанд нангу номуси миллӣ, фаҳмиши баланди орифона ва худшиносиву меҳанпарастии аҷдодии хешро бо қувваю мадори рустамона ва фарҳангу маърифати зарифона дарёфт намоянд.

Мо чеҳраи хос ва расму оини миллӣ, забони ғанию шево, таъриху фарҳангу адабиёти бостонӣ, мазҳаби таҳаммулгаро, хулоса, аз муҳити хонавода то шаҳдорию давлатдорӣ тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бояд бо ин ифтихор намуда, онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Тарбияву таълими шоистаи фарзандон аз ҷумлаи омилҳои умда дар роҳи ба ин ҳадафҳо расидан аст. Соҳибтарбия будани шахс боризтарин муаррифгари шахсияти ӯст. Инсони дур аз тарбияро ба маънои пуррааш инсон номидан норавост. Бузургони илму адаби тоҷику форс дар осори хеш зери мафҳуми «адаб» тарбияро фаҳм карда, муҳимтарин нишони одамӣ будани онро ба такрор таъкид кардаанд. Чунончӣ, Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:

Аз адаб пурнур гаштааст ин фалак,

Аз адаб маъсуму пок омад малак.

Беадаб танҳо на худро дошт бад,

Балки оташ дар ҳама офоқ зад.

Замони муосир тақозо менамояд, ки бояд оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам равобити қавӣ дошта бошанд ва якҷоя дар тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯст саҳмгузор бошанд ва ҳар яке масъулияти худро дар назди давлату миллат бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

Омӯзгорони Коллеҷи тиббии ш.Гулистон,

Ахунова М.Н.,  Сатторова М.С.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 959
  • 1,242
  • 949,979