ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ИСРОИЛ: хабари нашршуда дар бораи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ асоси воқеӣ надорад

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ИСРОИЛ: хабари нашршуда дар бораи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ асоси воқеӣ надорад
Октябр 03
10:47 2020

Дар пайи дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нашр шудани хабар, ки гӯё дар Маркази тиббии Ҳертслияи Давлати Исроил Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дармон ёфтааст, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд бо дипломатҳои Сафорати Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) дар тамос шуда, таваҷҷуҳи ҷониби исроилиро ба интишори хабари бардурӯғи мазкур ҷалб кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар посух дипломатҳои исроилӣ иттилоъ доданд, ки Вазорати тандурустии Исроил расман аз пулиси мамлакат ва шабакаи иттилоотии Твиттер талаб намудааст, ки пайдоиш ва манбаи хабари мазкурро оҷилан муайян кунанд. Гузашта аз ин, Вазорати мазкур дар натиҷаи санҷиши дохилии худ муайян намудааст, ки хабари нашршуда асоси воқеӣ надорад.

Мудири кулли Маркази тиббии Ҳертселия Дани Энгел, ки хабари мазкур аз номи ӯ дар Твиттер нашр шудааст, ба Вазорати тандурустии Исроил таъкид кардааст, ки ҳаргиз чунин хабареро нашр накардааст ва ҳисобе, ки дар Твиттер ба номи ӯ буда, хабари мазкур дар он гузошта шудааст, дар асл аз ӯ нест ва қалбакист.

Дар робита ба мавзӯъ Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ эҳтироман даъват менамояд, ки пеш аз мунташир намудани ҳар гуна хабар дурустии онро бисанҷанд, то масъули паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ нашаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 1,114
  • 1,242
  • 950,134