Тандурустӣ: 7 соли рушди бемайлон

Тандурустӣ: 7 соли рушди бемайлон
Октябр 09
16:40 2020

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии 

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи амалисозии Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020 ҷиҳати тақвияти раванди кори сохторҳои вазорат барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, саривақтӣ ва баландихтисоси тиббии муосир фаъолиятро идома дода, дар самти рушди хизматрасонии тиббӣ ва ташаккул додани соҳаи фарматсевтии кишвар бо назардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат бо мақсади иҷрои супоришҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳлил ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаҳои рушди хизматрасонии тиббӣ, татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ, омӯзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои хизмат-расонии маъюбон ва солимгардонии онҳо, самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, мукаммалгардонии сохторҳои системаи тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ, ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ ва компютеризатсиякунонии самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои муайянро ба анҷом расонд.

Ин фаъолият рушди хизматрасонии тиббию иҷтимоии соҳаҳои алоқаманди шаҳру ноҳияҳои кишварро дар бар гирифта, дар самти пешгирии як қатор бемориҳои сироятӣ, дастгирии муассисаҳои соҳаи тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ тавассути корҳои сохтмонию барқарорсозӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту асбобҳои ҳозиразамон, пурзӯр намудани неруи кадрӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию иттилоотонии аҳолӣ ва кормандони тиббӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ин давра барои муассисаҳои тиббии мамлакат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ харидорӣ ва насб гардида истодаанд, аз ҷумла 34 томографи компютерӣ ва магнитию резонансӣ, 76 дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, 46 дастгоҳи рентгении рақамӣ, 41 дастгоҳи поксозии хун (гемодиализ), 14 дастгоҳ барои майда кардани санги гурда (литотриптор), 9 дастгоҳи рентгенӣ барои ташхиси ғадуди ширӣ (мамограф), 8 ангиограф ва 5 дастгоҳи ташхисиву табобатӣ барои беморони гӯшу гулу ва бинӣ (ЛОР-комбайн) ва дигар таҷҳизоти муосир, фаъолият доранд.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки дар ин давра дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳри Душанбе аввалин озмоишгоҳи миллии референсӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Таҷҳизоти муосири он имконият дорад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқро бо сифати баланд пешниҳод намояд.

Дар натиҷаи фаъолияти босамари Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон шумораи ҷарроҳиҳо дар маркази мазкур бамаротиб зиёд гардида, аз ҷумла теъдоди бемороне, ки аз хориҷи кишвар барои анҷом додани амалиёти пайвандсозии узвҳо ба кишвари мо муроҷиат менамоянд, афзуд (то имрӯз 138 нафар). Бори аввал дар ҷумҳурӣ амалиёти пайвандсозии мағзи устухон роҳандозӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки соли 2017 фаъолияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» ба роҳ монда шуда, аз ҷумла дар пойгоҳи маҷмааи мазкур, аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ба беморон амалиёти ҷарроҳӣ ҳангоми сактаи геморрагии майнаи сар гузаронда шуд.

Ҳамзамон, дар муассисаи мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ амалиёти граф – стентгузорӣ ҳангоми коартатсияи шоҳраг, эмболизатсияи шараён ҳангоми аденомаи ғадуди простата, иваз намудани буғуми зону ба буғуми сунъӣ низ роҳандозӣ гардидааст.

Дар низоми муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо, “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон”, “Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар марказҳои вилоятҳо, инчунин, дигар ташкилоту муассисаҳои системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба ташкили кор вобаста ба технологияҳои иттилоотӣ ва рушди фаъолияти технологӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонда  истодаанд.

Баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ дар ин давра дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид, ки Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар солҳои 2006 – 2015, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010 – 2020 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Айни ҳол дар  Тоҷикистон шумораи табибон 19080 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба солҳои 1991, 2000 ва 2010 мутаносибан 28,6, 32,1 ва 19,3 дарсад зиёд мебошад. Шумораи умумии кормандони миёнаи тиббӣ бошад, то имрӯз 53 982 нафарро ташкил мекунад, ки ин нишондод нисбат ба солҳои 1991, 2000 ва 2010 мутаносибан 27,0, 41,5 ва 35 дарсад зиёд мебошад.

Нишондоди таъминотнокӣ нисбат ба 10 000 аҳолӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ аз соли 1991 то соли 2007 тамоюл ба пастравӣ дошт ва аз соли 2007 нишондиҳандаи мазкур рӯ ба афзоиш дорад. Айни ҳол таъминотнокӣ нисбат ба 10 000 аҳолӣ бо табибон 20,9 ва бо кормандони миёнаи тиббӣ 59,1 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, дар солҳои 2010 – 2019 аз давраҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ 72177 нафар, ба муассисаҳои давлатии таълимии кишвар гузаштаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 лоиҳаи нави Тартиби таъйин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро барои шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат таҳия намуд.

Аз соли 2014 то соли 2019 зиёда аз 470500 оилаи камбизоат ба механизми таҷрибавии таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо дар ҳаҷми 177 миллион сомонӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт шудааст. Ҳамчунин, ба ҳолати 1 июни соли 2020  104664 оила ва шаҳрвандони камбизоат аз ин кумакпулиҳои иҷтимоии давлатӣ бархӯрдор буда, андозаи он барои як оила дар як сол 464 сомониро ташкил дода, дар маҷмӯъ барои пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ соли 2020 дар буҷети ҷумҳуриявӣ 86,3 миллион сомонӣ маблағҳо пешбинӣ гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ки бо ҷорӣ гардидани механизми мазкур ҷойҳои нави корӣ ташкил ёфта, айни замон қариб 150 нафар корманд, аз ҷумла 97 мутахассисони коргузор дар самти амалисозии барнома фаъолият намуда истодаанд. Ҳифзи саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин 7 соли охир баҳри беҳтаркунии дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои вазъи солимии модарону кӯдакон ва паст намудани фавти онҳо як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.
Маҳз дар пайи андешидани чораҳои зарурӣ фавти модарон ва кӯдакон дар ин давра дар мамлакат се маротиба кам гардида, дар самти беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ, алалхусус модарону кӯдакон ба хизматрасонии тиббии махсусгардондашуда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд муассисаҳои тиббӣ сохта ва ба истифода дода шуданд. Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Маркази перинаталии Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи А. Ҳақназаров ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, дастоварди муҳим дар соҳаи ҳифзи саломатии кӯдакон 1 сентябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона  мебошад.

Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон 3 ноябри соли 2015 Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ” ба кор шурӯъ намуд. Фаъолияти маркази мазкур баҳри фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ташаккули оилаи солим, пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакони маъюби гирифтори нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва бемориҳои ирсӣ – авлодӣ,  паст намудани маъюбшавии кӯдакон аз никоҳи хешутаборӣ  равона карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 680
  • 1,242
  • 949,700