“Таҳлили вазъи барномаҳои рушди бармаҳали кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

“Таҳлили вазъи  барномаҳои рушди бармаҳали кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Октябр 21
17:18 2020

Имрӯз, 21 октябри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе дар мавзӯъи “Таҳлили вазъи  барномаҳои рушди бармаҳали кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввари онлайнӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, сардорони як қатор раёсат ва муассисаҳои тандурустӣ, шарикони рушд иштирок намуданд.

Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш иброз намуд, ки рушди бармаҳали кӯдак яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад: “Маълум  аст, ки ба он якчанд омилҳо таъсир мерасонанд. Муносибати ҳамаҷонибаи оила  тавассути дастраскунандагони бахшҳои мухталиф, махсусан, маориф, ғизои солим, иммунизатсия, об ва санитария, муҳити беҳтар, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ғайра барои инкишофи кӯдакон хеле муҳим мебошанд”,-зикр намуд номбурда.

Зикр гардид, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият дорад, ки то имрӯз якчанд лоиҳаи ҳуҷҷатҳо оид ба дарёфти саривақтии кӯдакони гирифтори нуқсони инкишоф, дахолати саривақтӣ таҳия гардида истодаанд. Вобаста ба ин,  зарур аст, ки ба низомномаи ҷории муассисае, ки бо кӯдакони маъюбиятдошта сару кор дорад, тағйиру иловаҳо ворид  карда шавад.

Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои соҳа ин табдилдиҳии хонаҳои кӯдакон ба марказҳои дастгирии оила ва кӯдак бо ворид намудани усулҳои нави хизматрасонӣ мебошад ва он барои манфиатҳои беҳтарин ва ҳуқуқии кӯдакон, махсусан кӯдакони синну соли бармаҳал равона карда шудааст.

-Соли ҷорӣ “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2025” қабул гардид, ки мақсади асосии он ба солимӣ, ғизои хуб, нигоҳубини ғамхорона, бехатарӣ ва омӯзишу таълими барвақти  кӯдак равона карда шудааст.

Барои ба натиҷаҳои мусбӣ расидан дар самти рушди барвақти кӯдак мо бояд корҳоро дар сатҳи байниидоравӣ, шарикони рушд ва оила, махсусан, бо шахсоне, ки ба нигоҳубини кӯдак масъуланд, ҷоннок намоем,-иброз дошт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштиркчиён доир ба мавзӯъи мазкур баромад намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 917
  • 1,242
  • 949,937