Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти 2020, №199 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда истодааст.
Тибқи Нақша-чорабиниҳо оид ба таъмири ҷории бинои марказ, муоинаи техникии асбобҳои барқӣ, захираи маводи сӯзишворӣ, хӯрока ва сабзавот ва ҳамзамон омодасозии хӯришу нӯшобаҳо барои гузаронидани зимистон дар марказ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.
То имрӯз дар марказ 3000 кг ангиштсанг, 40 куб ҳезум, 250 литр солярка, 70 халта орд, 6 тонна картошка, 3 тонна пиёз, 700 литр равған ва 1 тоннаю 200 кг шакар захира гардидаанд.