Айни замон дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (хона-интернатҳо) 1174 нафар бошандагон, аз ҷумла 598 нафар мард, 476 нафар зан ва аз инҳо 100 нафарашон кӯдакони маъюб мебошанд. Аз ин шумора маъюбони гурӯҳи якум – 268 нафар, маъюбони гурӯҳи дуюм – 564 нафар, маъюбони гурӯҳи сеюм – 12 нафар, ҳамзамон 17 нафар ятимони кул, 38 нафар нимятим ва аз оилаҳои камбизоат 79 нафар дар таъминоти давлатӣ қарор доранд.
Давоми 9 моҳи соли равон 62 нафар бошандагони муассисаҳои будубоши доимӣ ва марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбон ба муҳити оилавӣ баргардонида шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.
Дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши муваққатӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳоло 43 адад марказу шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият доранд, ки давоми 9 моҳи соли 2020 ба 5271 нафар истифодабарандагон хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, равонӣ ҳуқуқӣ расониданд, ки аз инҳо 4391 нафар пиронсолону маъюбон ва 880 нафарро кӯдакони имконияташон маҳдуд ташкил менамояд.