Ҳамкориҳо ҷиҳати тақвият додани солимии модарону кӯдакон

Ҳамкориҳо ҷиҳати тақвият додани солимии модарону кӯдакон
Октябр 30
14:36 2020

29 октябри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо Роҳбари Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунео Такасака вохурии онлайнӣ анҷом дод.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Абдусаматзода доир ба ҳамкориҳои вазорат бо Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан дар самти солимии модар ва кӯдак суханронӣ намуд.

Дар вохурӣ ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таъмини солимии модар ва кӯдак табодули афкор намуда, ҷиҳати боз ҳам густариш додани  ҳамкориҳо дар ин самт ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Баъдан, Роҳбари Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мунео Такасака роҷеъ ба саҳми Ҳукумати Ҷопон дар татбиқи бомуваффақияти лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ тавассути Намояндагии JICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Тавре таъкид гардид, JICA яке аз шарикони муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба то имрӯз як қатор лоиҳаҳо муваффақона татбиқ гардида истодаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 694
  • 1,242
  • 949,714