Бо мақсади таъмин намудани хизматрасониҳои тиббии саривақтӣ ба занони ҳомила, занони навзод ва занони баъд аз таваллуд, инчунин, кӯдакони навзод, кӯдакони то синни 5 сола имрӯз, 30 октябри соли равон ҷаласаи навбатии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода тариқи онлайн доир гардид.
Дар кори ҷаласаи онлайнӣ Зоир Набиев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила, кормандони раёсати мазкур Аминов Обидҷон, Дилрабо Юнусова, Баҳрӣ Алиева, Назарзода Ф иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласаи онлайнӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ҳолатҳои занони ҳомила, навзодон ва кӯдакон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ин замина, вобаста ба фаъол намудани ташрифҳои кураторӣ аз ҷониби кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ ва Донишкадаи баъдидипломии такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дода шуд.
Қайд кардан лозим аст, ки чунин ҷаласаҳои онлайнӣ ҳафтае ду маротиба аз ҷониби Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат гузаронида мешаванд.
Натиҷаи баргузории чунин ҷаласаҳои онлайнӣ буд, ки ба занони ҳомилаи дар ҳолати вазнин қарор дошта саривақт хизматрасонии фаврии акушерӣ расонида шавад.