Таъмин намудани муассисаҳои табобатию-профилактикӣ бо хуни бехатар ва ҷузъҳои он

Таъмин намудани муассисаҳои табобатию-профилактикӣ бо хуни бехатар ва ҷузъҳои он
Ноябр 02
12:32 2020

Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи муассисаҳои табобатию-профилактикӣ бо ҷузъҳои хуни бехатар, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббии трансфузионӣ ба беморон, расонидани ёрии фаврии трансфузионӣ аз тарафи бригадаи сайёри ёрии трансфузионӣ,  гузаронидани таҳлилҳои босифат ба беморон ва ниёзмандон  давоми 9 моҳи соли равон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Дар ин давра аз ҷониби муассисаи мазкур бо мақсади самаранокии  фаъолият нақшаи маъракаҳои хунгирӣ дар муассисаҳои табобатӣ ва дигар корхонаву ташкилотҳои вилоят тасдиқ карда шуда, мутобиқи он рӯзҳои хунгирӣ бо бригадаи сайёр ташкил карда шуданд. Бояд гуфт, ки ҳамаи донорон таҳти назорати доимии тиббӣ қарор дошта, ба онҳо мувофиқи нишондодҳо ташхисҳои иловагӣ низ гузаронида мешаванд.

Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шартнома дошта, ёрии ташкилию методӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро ба ҳуҷраҳои нигоҳдории ҷузъҳо ва зардобаи тайёри хун гузаронида, онҳоро мунтазам бо ҷузъҳои хун таъмин  менамояд. Баҳри беҳтар кардани хизматрасонии трансфузионӣ дар вилоят аз ҷониби кормандони муассиса мунтазам санҷишу назорати фаъолияти ҳуҷраҳои беморхонаҳои  шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида мешавад.

(Акс аз манбаъҳои дастрас)

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 917
  • 1,242
  • 949,937