Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти таваллудхонаҳо диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббии саривақтӣ ба занони ҳомила, занони навзод ва занони баъд аз таваллуд дар таваллудхонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Дар доираи иқдоми роҳбарияти вазорат ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ имрӯз вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе дидан намуд.
Номбурда зимни шиносоӣ бо фаъолияти таваллудхонаи мазкур бо беморон ва хешовандони онҳо низ доир ба вазъи хизматрасонӣ суҳбат оростанд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо шаҳрвандон иброз доштанд, ки роҳбарияти вазорат ба фаъолияти таваллудхонаҳо, махсусан, саривақт расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба занони ҳомила таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ба занони ҳомила, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти Таваллудхонаи №-1-и пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар назди таваллудхонаҳои пойтахти кишвар шаҳри Душанбе телефонҳои боварии роҳбарияти муассисаҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар ҳолатҳои нофаҳмӣ оид ба хизматрасонӣ бо онҳо тамос бигиранд.