Масъалаҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҳамрӯза дар ситоди вазорат баррасӣ мегарданд

Масъалаҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҳамрӯза дар ситоди вазорат баррасӣ мегарданд
Ноябр 04
17:42 2020

Дар ҳошияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар се марҳила ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19  ба таври онлайнӣ доир мегардад,  ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, роҳбарони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок  менамоянд.

Дар кори ҷаласаи ситоди вазорат масъалаҳои назорати қатъии беморон, таҳлили амиқи вазъи бемории  COVID-19  дар мамлакат, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода  мешаванд.

Зимни ҷаласаҳои мазкур Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба масъалаи назорати беморон, пурзӯр намудани чораҳои пешигиркунанда ва дигар масъалаҳо ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас  медиҳанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 915
  • 1,242
  • 949,935