Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тандурустӣ дар тамоми кӯшаву канори мамлакат бомаром идома дорад.
Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, сохтмони муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияи Рашт низ вусъати тоза касб намуда истодаанд.
Айни замон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар деҳаҳои Кочони деҳоти Навдӣ, Зарифии деҳоти Тагоба, Навдонаки деҳоти Қалъаи Сурх ва Бини Суфиёни деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи мазкур сохтмони 4 бунгоҳи тиббӣ идома дорад. Инчунин, шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ рӯзҳои наздик аз таъмири асосӣ бароварда мешавад.
Ҳамзамон, бо ҷалби маблағгузории бахши хусусӣ сохтмони биноҳои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Санги Кари деҳоти Боқӣ Раҳимзода, нуқтаҳои тиббӣ дар деҳаҳои Истиқлол ва Чуғдабиёни деҳоти Қалъаи Сурх ба нақша гирифта шудааст.