Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд
Ноябр 16
12:13 2020

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 16 ноябри соли равон дар  Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд  чорабинии идона доир гардид.

Чорабиниро  роҳбарияти беморхонаи мазкур ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёт, фаъолият ва саҳми шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар рушду пешрафти Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо туфайли сиёсати хирадмандона ва созандаи Сарвари давлат кишвари азизи мо тавонист дар як муддати на чандон зиёд ба дастовардҳои муҳиму назаррас  ноил гардад.

Дар идомаи чорабинӣ раиси кумитаи иттифоқи касабаи беморхона низ ба сухан баромада, қайд кард, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ маҳз дар партави таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи тандурустӣ дар мамлакат рушд намуд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардида, дар рафти он як қатор иштирокчиён низ доир ба саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти Тоҷикистон  ибрози андеша намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 978
  • 1,242
  • 949,998