Вохурӣ бо Раиси вилояти Суғд

Вохурӣ бо Раиси вилояти Суғд
Ноябр 16
16:34 2020

Дар доираи сафари кории хеш ба вилояти Суғд муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода ва  Намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева бо Раиси вилояти  мазкур Раҷаббой Аҳмадзода вохурӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни вохурӣ аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки маҳз дар партави таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат ба соҳа давоми солҳои охир дар вилояти Суғд садҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти ҳозиразамон  сохта ба истифода дода шуданд.

Номбурда иброз намуд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар дар самти таъмини солимии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ тадбирҳои муҳим  амалӣ  карда шудаанд ва корҳо дар ин самт минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо доир ба вазъи санитарию эпидемиологӣ дар вилояти Суғд ва тақвият бахшидани корҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ  ва табобати бемории COVID-19 дар вилоят тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 11
  • 994
  • 1,242
  • 950,014