Омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии буҳрони фишорбаландӣ

Омилҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии буҳрони фишорбаландӣ
Ноябр 17
12:43 2020

Буҳрони фишорбаландӣ ҳолатест, ки дар он фишори артериалӣ ногаҳонӣ ва сахт боло меравад. Баландии фишор низ барои ҳар як бемор дараҷаи хосе дорад. Масалан, барои як инсон болоравии фишор аз 140/90 то 160/100 мм. сутуни симобӣ метавонад ҳолати бисёр вазнинро ба бор оварад, аммо нафари дигар, ки гипертонияи куҳнашудаи дараҷаи 3-юми вазнинро дорад, дар фишори доимии 180/110 мм. сутуни симобӣ метавонад худро хуб ҳис кунад ва ҳангоми шиддати буҳрон фишораш аз 220мм. ҳам боло меравад. Буҳрони фишорбаландӣ бо шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Масалан, аҳволи  бемор бад гардида, фишори баланд  метавонад ба дил, мағзи сар, нерӯи биноӣ ва гурдаҳо таъсири манфӣ расонад.

Бояд гуфт, ки гирифторони фишорбаландӣ ниёз ба ёрии таъҷилӣ доранд ва мақсади табобати таъҷилӣ аз он иборат аст, ки иллат ёфтани узвҳои хатарнокро рафъ намуда, аломатҳои бемориро бартараф намоянд. Якбора поин омадани фишор низ метавонад хатарнок бошад. Дар ин сурат, имкон дорад, ки бофтаҳо аз хун ба пуррагӣ таъмин нагарданд ва ин ҳолат дар навбати худ ба гуруснагии оксигенӣ боис мешавад. Дар истеъмоли доруҳо низ бояд диққати зиёд ба харҷ дод. Доруҳои барои бемор аз ҳама мувофиқ, миқдор ва тарзи истеъмоли онҳоро танҳо табиб интихоб мекунад. Дар баробари ин, табиб нақшаи суръат ва ҳаҷми поин фаровардани фишори артериалиро вобаста ба ҳолати бемор ва вуҷуди авориз муайян мекунад.

Бояд гуфт, ки дар кишварҳои пешрафта бо истифода аз дастовардҳои илми тиб мутахассисон дар 20 соли охир поин рафтани теъдоди гирифторон ба  буҳрони фишорбаландиро  муайян мекунанд. Ин пеш аз ҳама ба он вобастагӣ дорад, ки табибон тавонистанд бемории фишорбаландиро дар байни  аҳолӣ хубтар ташхис ва табобат намоянд. Аммо, дар бархе кишварҳо фишорбаландӣ ҳанӯз ҳам яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ боқӣ мемонад. Буҳрони  фишорбаландӣ имрӯз яке аз сабабҳои асосии даъвати ёрии таъҷилӣ ва бистарӣ намудани беморон ба шумор меравад. Гирифтор шудан ба буҳрони  фишорбаландӣ маънои онро дорад, ки табобати доимии бемории гипертония номувофиқ ё нокофӣ аст. Вале, дар бештар маврид маълум мегардад, ки табобат дуруст ба роҳ монда шудааст, аммо бемор доруҳои таъиннамудаи табибро номунтазам истеъмол мекунад ё умуман бе машварати табиб онҳоро истифода намудааст. Бинобар ин, тамоми беморони гирифтори фишорбаландӣ бояд доруҳои таъин намудаи табибро саривақт ва бо риояи дастурамал истеъмол намоянд.

Омилҳои асосие, ки боиси сар задани буҳрони фишорбаландӣ мегарданд, инҳо мебошанд: дигаргуншавии обу ҳаво,  стресси шадид, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва истеъмоли зиёди намак дар хӯрок. Инчунин, якбора қатъ кардани истеъмоли доруҳои фишорпасткунанда метавонанд сабаби сар задани буҳрони фишорбаландӣ гарданд. Аломатҳои буҳрони фишорбаландӣ  аз болоравии зиёди фишори артериалӣ болотар аз 140/90мм. сутуни  симобӣ,  хастагӣ,  дарди сар, арақкунии зиёд,  дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, хирагии чашм ва   бехобӣ иборат мебошад. Бояд гуфт, ки табиби ёрии таъҷилӣ ба табобати беморони гирифтори буҳрони фишорбаландӣ танҳо баъди ҷамъоварии маълумоти пурра дар мавриди беморӣ оғоз мекунад. Ҳангоми ташхис табиб бояд  муайян кунад, ки чанд муҳлат бемор аз фишорбаландӣ азият мекашад, дараҷаи фишори артериалии маъмулӣ ва дараҷаи болоравии фишори бемор чӣ қадар аст, кай буҳрони фишорбаландӣ ба вуқӯъ пайвааст ва он чӣ қадар вақт идома дорад, то расидани ёрии таъҷилӣ бемор чӣ навъ доруҳоро истифода намудааст, зеро мумкин буҳрон аз сабаби истеъмол накардани доруҳои фишорпасткунанда ба вуқӯъ  пайваста бошад. Агар чунин аст, пас бояд табиб номгӯи доруҳоро муайян  ва ба бемор пешниҳод намояд. Инчунин, табиб ҳангоми ташхис бояд муайян кунад, ки бемор аз бемориҳои дилу раг, халалдор гаштани гардиши хун дар мағзи сар, бемориҳои гурда ва диабети қанд азият мекашад ё не. Агар бемор аз нафастангӣ ё дарди дил шикоят дошта бошад, бояд он ҳатман аз ташхиси ЭКГ гузаронида шавад.

Танҳо баъди анҷоми ин ҳама амалҳо  табиб ба поин фаровардани фишори артериалии бемор оғоз мекунад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар 2 соати аввали пайдо шудани аломатҳои буҳрони фишорбаландӣ, дараҷаи фишори артериалии бемор набояд аз 20-25% зиёд поин оварда шавад ва баъд  дар  зарфи 6 соат фишорро то дараҷаи 160/100 мм. сутуни симобӣ  поин овардан зарур аст.

Агар шумо худатонро бад ҳис намудед, аммо  фишорсанҷ дараҷаи фишори шуморо ҳамагӣ  160/100 мм. сутуни симобӣ ва ё камтар нишон медиҳад, аз даъвати ёрии таъҷилӣ худдорӣ накунед. Дар хотир дошта бошед, ки фишорбаландӣ дарди басо хатарнок аст.

Директори Маркази ташхисию табобатии

Муассисаи давлатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

 ба  номи Абӯалӣ ибни Сино

Ниёзова М.С

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 921
  • 1,242
  • 949,941