15 марти соли равон дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯъӣ “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид. Гуфта мешавад чорабинии мазкур бо дастгирии Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳадаф аз баргузор ин мизи мудаввар таҳлил ва натиҷагириӣ аз иҷроиши Нақшаи «Барномаи милли ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2015-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, натиҷаҳоимониторинг оид ба фаъолияти пешгирии бемории сил дар минтақаи Кӯлоб, натиҷаи таҳлили дарёфт ва табобати гирифторони бемории сил ва шакли мутобиқатгаштаи он дар минтақаи Кӯлоб мебошад.
Дар кори конфронс Директори Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил Зумрад Махсумова, менеҷери Лоиҳаи ХОУП дар Тоҷикистон, мутахассиси лоиҳаи USAID оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣШаҳнозаАзамова, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои сил ЗоиршоАбдуллоев, Директори Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар минтақаи Кӯлоб РаҳматуллоҶумаев, мудири шӯъбаи Раёсати тандурустӣ Саидов И.Р ва дигар мутахасисони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар баробари иҷроиши нақшаи амали Барнома дар соли 2016 ҳамчунин нақшаҳо барои соли 2017 муайян гардиданд.