Имрӯз, 18 ноябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Мунео Такасака вохурӣ намуд.
Зимни мулоқот вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон изҳори қаноматмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Ҷопон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Зикр гардид, ки намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон яке аз шарикони фаъоли Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки айни замон як қатор лоиҳаҳоро баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар амалӣ намуда истодааст.
Дар идомаи вохурӣ ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ иброз намуданд.