Дар асоси нақшаи корӣ Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади пешгирии хурофотпарастӣ, радикализми динӣ, таъсири равияҳои террористиву экстремистӣ ба шуури наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзу гиромӣ доштани истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бо қишри гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон силсилавохӯриҳои судманд баргузор намуд.
Вохӯриҳо дар ҳамкорӣ бо Маркази солимӣ репродуктивии вилоят дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ–металлургии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Баширхон Исҳоқӣ, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара, коллеҷҳои омӯзгорӣ, технологӣ ва тиббии шаҳри Конибодом, коллеҷҳои тиббӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён доир карда шуд.