Иҷрокунандаи Раиси шаҳри Истаравшан бо роҳбарияти муассисаҳои тандурустии шаҳр мулоқот намуд

Иҷрокунандаи Раиси шаҳри Истаравшан бо роҳбарияти муассисаҳои тандурустии шаҳр мулоқот намуд
Ноябр 20
13:43 2020

Иҷрокунандаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо фаъолияти шӯъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии шаҳр шинос шуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои дахлдор додааст.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, баъдан номбурда аз тозагии атрофи Беморхонаи марказии шаҳр ва сатҳи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони муассисаҳои соҳавӣ огоҳ шуда, бо иштироки роҳбарияти Беморхонаи марказӣ, хадамоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва мудирони шӯъбаҳо ҷаласаи корӣ доир намуд.

Зимни ҷаласа Адҳам Маъмурзода барои фаъолияти самарабахш дар марҳилаи паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 аз номи роҳбарияти Олии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба кормандони тандурустии шаҳр изҳори сипос баён намуд.

“Ҳамзамон, ҷиҳати таҳкими фаъолият, бартараф сохтани камбудиҳо ва дар сатҳи зарурӣ омода шудан барои ҳолатҳои пешбининашаванда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд”,-меафзояд манбаъ.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978