Суғд: Ҳуҷраҳои стоматологии муассисаҳои тандурустӣ таъмир ва бо таҷҳизот таъмин мешаванд

Суғд: Ҳуҷраҳои стоматологии муассисаҳои тандурустӣ таъмир ва бо таҷҳизот таъмин мешаванд
Ноябр 26
17:16 2020

Бо мақсади  сазовор  истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақша  давоми солҳои 2018-2021 сохтмон, азнавсозӣ  ва таъмиру тармими  39 ҳуҷраҳои соҳаи стоматологӣ дар вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда, то имрӯз ҳуҷраҳои стоматологии муассисаҳои тандурустии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Махсусан, тамоми  ҳуҷраҳои  стоматологӣ  ва  роҳрави Дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд  аз таъмир бароварда шуда, инчунин, дар дармонгоҳи мазкур ҳуҷраи имплантологӣ таъсис ва  бо таҷҳизоти муосири имплантологӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Соли  рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  соли ҷорӣ  ба як қатор марказҳои саломатии ноҳияҳои вилоят дастгоҳҳои замонавии стоматологӣ дастарс ва насб карда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар вилояти Суғд 5   Маркази стоматологӣ, 26 шӯъба ва 250 ҳуҷра  ба аҳолӣ хизмати стоматологӣ мерасонанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,067
  • 1,242
  • 950,087